Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. Дар ин ҷо ба тартиб номи бурҷҳову аҳкоми онҳо ва баробари онҳо дар забони арабӣ дода мешавад. Номи бурҷҳо:
    Барра ( =Ҳамал ), Гов ( =Савр ), Дупайкар ( =Ҷавзо ), Харчанг (=Саратон), Шер (=Асад), Хӯша (=Сунбула), Тарозу (=Мизон), Каждум (=Ақраб), Нимасп (=Қавс), Буз (=Ҷаддӣ), Дул (=Давл), Моҳӣ (Ҳут).
    Номи аҳкоми бурҷҳо: Худоён ё миёни осмон (=Байт-ус-султон Васат-ул-асмо)1, Фаррухон (=Байт-ус-сидқо), Душфаргон (=Байт-ул-аъдо ва-л-шиқо ва-л-ахзон)2, Ҷонон (=Байт-ун-нафс), Хостагон (=Байт-ул-мол)3, Бародарон (=Байт-ул-ихват), Падиштон (=Байт-ул-або)4, Фарзандон (=Байт-ул-валад), Гаштагон (=Байт-ул-мароз)5, Баюгон (=Байт-ун-нисо)6, Маргон (=Байт-ул-мавт), Кардагон (=Байт-ус-сафар)7.
    Пасванди an дар номҳои эронии боло пасванди нисбат аст на ҷамъ. Дар миёни ин хонаҳо, Ҷонон бурҷи толеъ ва қавитарин дар таъсир аст ва баъд аз он Миёни осмон аз ҳама қавитар аст ва баъзе онро қавитарин медонанд8.
  2. Sōd ud dahīg. 4. Raēnišn. 5. Зоҳиран вожаи Абохтарро дар асл abē-axtar ангоштааст. Шояд ҳам имлои паҳлавии L' дар асл 'L будааст; дар он сурат маънои ҷумла чунин хоҳад буд: эшонро абохтарон номидан аз он аст, ки дар ахтаранд ва ин ҳақикатест, ки бо матолиби болотар низ ҳамоҳанг аст. Агар ин фарз дуруст бошад, он гоҳ вожаро дар асл abāg-axtar < abāxtar ангоштаанд. То он ҷо ки нигоранда ошност, тавҷеҳи решашиносонаи равшанӣ барои ахтару абохтар ҳанӯз вуҷуд надорад.
  3. Xwadāy дар форсии миёна маънои сарвару султон дорад. 2. Душфара ба маънои бадбахт аст. 3. Хостагон баробари хузвариши НКSУк’n дар матн аст.
  4. Pidištan, мураккаб аз pid ба маънои падар ва ist – пасванди сифати олӣ ва нисбат аст ва маънои обо ва аҷдод дорад.
  5. Гашта ба маънои тағйири ҳол ёфта ва бемор аст. 6. Бевагон дар форсӣ ба маънои арӯс аст, баробари вожаи паҳлавӣ Дар «Ат-Тафҳим» номи арабии он Ат-Тазвиҷ ва Ал-Арӯс омадааст.
  6. Кордаг ба маънои мусофир аст. 8. Барои иттилои бештар дар бораи номҳои тозии аҳкоми бурҷхо, ки аз «Мафотеҳ-ул-улум»-и Хоразми гирифта шудааст, н. к. «Гоҳшуморӣ»… с. 326. 6. Ҳар се: SLY tl'n, wattaran; муҳтамилан kentarān, kstl'n, авомуннос. 7. ДН, ТД1: dyp''; ТД2: gytydy; ба ҷои dyp'k'. 8. ТД: ' htl'n; ДН, ТД2: ' htl. 9. ТД2, ДН: tglyt; ТД1 tglk, tigragt (?) низ шиҳоб. 10. Афсар ба маънои тоҷ аст. 11. Яъне маҳалли тулӯи Хуршед аз оғози тобистон то оғози пойиз мушаххаскунандаи машриқ аст.
  7. Яъне маҳалли тулӯи хуршед аз оғози пойиз то маҳалли ғуруби Хуршед дар оғози пойиз мушаххаскунандаи ҷануб аст.
  8. Яъне аз он нуқтае, ки Хуршед дар оғози тобистон ғуруб мекунад, то он ҷо, ки дар аввали пойиз ғуруб мекунад, мағриб аст.
пешина
аз 314
навбатӣ