Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- Яъне аз он ҷо, ки дар аввали тобистон Хуршед тулӯъ мекунад. то аввали тобистон ғуруб мекунад, шимол аст.
- Равоӣ ба маънои муваффақияту комравоист. 16. Қироати машкук. ДН, ТД2: рус'm; ТД1: p 'c 'm; шояд: ра (=pad)iz im, бад-ин сабаб, низ бад-ин рӯй (?)
- Ҳар се: tyštl Ww' l 'n kitl 'n. 18. Нишебон нишеб яъне ҳазизи мутлақ. 19. Дастдарозии юғи кайвон ишора ба ҳалқаест, ки ба гирди ситораи Зуҳал вуҷуд дорад, аммо дида шудани он тавассути чашми ғайримусаллаҳ дар он аср шигифтовар аст.
Юғ, паҳлавӣ juy чӯбест дароз ба тӯли ду даст, ки дар ду тарафи шонаву дар тӯли он қарор мегирад. Ин чӯбро чунончи ҳанӯз ба вижа дар каронаҳои дарёи Хазар марсум аст, бар шона қарор медоданд ва ба ду сӯи он бор овезон мекарданд.
Дар паҳлавӣ шонахои тарозуро низ juy мегӯянд. Н. К. с. 199 ТД2.
БАХШИ 8 - Таҳдиди Осмон дар «Гузидаҳои Зодспарам» ба тафсил омадааст. (Осмон) ба бонги баланду хурӯши сахт ба Аҳриман гуфт, ки: «Акнун ки дар омадаӣ, он гоҳ туро бознаҳилам», (VZ, p. 17, рақ. 2).
- Ҳар се: 'sp, acn, аммо ҳамин иборат дар «Гузидаҳои Зодспарам» чунин омадааст: Ӯ фраваҳри артишторони парҳезгорро перомуни он бору савора ва низ дар даст, чунон бигуморад, чунон мӯй бар сар». (Ҳамон, p. 17, рақ. 3)
- ТД1 дар ин ҷо ҷумлаеро андохтааст. ДН ва ТД2: p ‘s wynlwnd. Маънои ҷумла ва ин феъли мураккаб равшан аст, аммо қироати вожаи охир номушаххас. Муҳтамилан: pāyēnd, NTLWN –nd биёянд, ҳифз кунанду ба сурати феъли мураккаб pas pāyēnd, посбонӣ кунанд. Низ бо каме тасҳеҳ winirēnd, ки дар таркиб бо вожаи қаблӣ ба сурати pas winirend ҳамон маънои «посбонӣ кунанд» хоҳад буд.
- Abāzō дар паҳлавӣ таркибест баробари «бози» дар насри кухани порсӣ ба маънои ба ҷониби, ба сӯи. Abāz ō ewārag ба маънои «ба сӯи мағриб» ва дар ҳақиқат ба маънои ба ҳангоми ғуруб аст. Устурае, ки дар иртибот бо Тиштру бурҷи Харчангу тохтани Аҳриман омадааст, дуруст гӯёи тақвимест, ки оғози соли он дар аввали тобистон қарор доштааст, чунончи дар ёддошти нахусти бахши қабл баҳс шуд.
- Дар баробари ду вожаи охир, дар ҳар се матн чунин омадааст: hnq ‘n‘ QDM wšt, ки маънои дурусте надорад. Тарҷумаи он чи дар «Гузидаҳои Зодспарам» дар ҳамин маврид омада чунин аст: «Ва сиришкон буданд ҷудо-ҷудо (чун) бузург ташти обе, ки баркашида шуда бошад». (Ҳамон, р. 20 рақ. 9). 6. ТД2 ва ДН: 'ytc; dync. Зоҳиран, gyān-iz, HY' –c 7. Дарвое ба маънои фазое. 8. Дар «Гузидаҳои Зодспарам» омадааст: «Чун ҷон, ки танро биҷунбонад (ва) тан бад-ин зӯр фароз раванда шавад, он минуи боди сириштӣ боди фазоиро фароз ҷунбонад, ҳамаи заминро саросар бод фароз вазид». (ҳамон, р. 20 рақ. 11 ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор