Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- ДН ва ТД1: slhc; ТД2 :sylhc, sazaxz/siraxz. 43. Ҳар се: glmynš'n, зоҳиран бояд klmynsin имлои дуруст бошад, чун баробари арабии он Қармисин аст ва «қ» табдилӣ аст аз «к» оғозини форсии миёна.
Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки номи вожаи Кирмоншоҳ, муҳтамилан табдилест аз Карминшон, Карминшон, ки номи кӯҳани ин сарзамин дар давраи миёнаи таърихи мост ва кирмоншоҳиён худро кирмоншонӣ мехонанд. Ин ки ин ном бо лақаби Баҳроми Чаҳорум (=Кирмоншоҳ), ки бонии шаҳр будааст, марбут мебошад, метавонад мавриди тардид қарор гирад. Муҳтамилан, шабоҳати лақаби Баҳроми чаҳорум бо номи маҳаллии ин минтақа сабаби ин тасаввурҳо ва расмият ёфтани номи Кирмоншоҳ дар адвори ахиртар шудааст.
Дар бораи чигунагии дарёҳо - Хонӣ, яъне чашма. Чашмагону хонигон ҳарду ҷвмъи чашма ва хонӣ аст.
- Ноиза ва ноича ба маънои маҷрост. 3. Авесто: pūitika, паҳлавӣ: pūidīg, пӯсида, олуда, номи асотирӣ, ки зоҳиран дар давраи Сосонӣ бо Халиҷи Форс татбиқ дода шудааст.
- Паҳлавӣ: kamrōd, ба дарёи Хазар ва siyāw-bun бо дарёи Сиёҳ татбиқ дода шудааст.
- Šawēd ва hamēnēd. Вожаи нахустин дар ҳар се матн: hmnyt 6. Сухан ҳамчунон аз Самоки ромеҳ аст, ки ӯро дар нуҷуми исломӣ Ҳорис-уш-шимол мехонанд.
- Бароҳанҷ ва фурудоҳанҷ, яъне баркашонда ва фурӯкушанда, аз масдари оҳехтан.
- ТД1 ва ТД2 wlwn; ДН: lwm ба wlmw тасҳеҳ шуд. Warm зоҳиран дар ин матн ба маънои обгир аст. Дар матнҳои монавӣ ба маънои мавҷ омадааст. Шояд манзур дарёчаи Ҳомун ва Гудзара бошад.
- ТД1 ва ТД2: 'tlWlmn; ДН: 'twrWlmn. Зоҳиран, hixr ud rem, hyhl Wlym: наҷосат ва палидӣ.
Дар бораи чигунагии рудҳо - Авесто: ranghā-, паҳлавӣ: arwand/arang. Дар давраи Сосонӣ, саъй шуд, ки ҷуғрофияи асотирӣ ё ҷуғрофияи сарзаминҳои шоҳаншоҳӣ татбиқ дода шавад. Дар ин роҳ ба вижа, номи дарёҳову рӯдҳои асотирӣ бар дарёҳову рӯдҳои тозае итлоқ шуд. Аммо зоҳиран ин амр – яъне ҷо ба ҷо кардани номҳо – қаблан ҳам анҷом пазируфта будааст, зеро дар «Бундаҳишн», ки анвои устураҳоро дар бар гирифтааст, мебинем, ки як номи ҷуғрофиёӣ гоҳ бар ду ҷои мухталиф ниҳода шудааст. Аз он ҷумла аст номи Арвандруд, ки маъмулан Даҷларо бад-он мехонанд. Дар «Гузидаҳои Зодспарам» (с. 25, банди 22) омадааст: «Арванд (ки) ҳаст Даҷлаи тезрав». Ва низ дар сафҳаи 137 ҳамон китоб, банди 10, омадааст: «Бархонам оби Арвандро, ки ҳаст Даҷла аз рӯдон». Вале дар ин бахш аз «Бундаҳишн» чунин нест ва Арванд дар Осиёи Миёна қарор мегирад ва зоҳиран бо Сайҳун яке дониста мешавад, ҳарчанд фавран мегӯяд, ки: «Ба Гиптус бум, ки Миср низ хонанд, бигзарад, ӯро он ҷо Нийдгиптус хонанд», ки баробари Нил қарор мегирад! Бақияи рӯдҳои ёдшуда дар ин бахши «Бундаҳишн» низ умдатан марбут ба ҳамин минтақаи ҷуғрофиёии Осиёи Миёна аст ва аз ин назар матнест бисёр кӯҳна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор