Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Nīw giptus ҳамон рӯди Нил аст. Номвожаи Гиптус аз лотинии Aegyptus гирифта шудааст. Вожаи Миср дар паҳлавӣ msl имло мешавад. Дар «Китоби муқаддас» ба сурати Mizra'im ва дар форсии бостон ба сурати mudrāya омадааст.
  2. Иртиботи Веҳруд бо Синд дар адабиёти паҳлавӣ муақидтар аз иртиботи Аранг бо Даҷла ё Сайҳун аст. Аз матлаб бармеояд, ки рӯди Синдро Меҳронрӯду Ҳиндугонрӯд низ мехондаанд. Дар ҷуғрофияи исломӣ низ сухан аз Меҳронрӯд меравад, ки ҳамон Синд аст.
  3. Манзур аз марзи Рум Осиёи Сағир аст, ки дар аъсори куҳан бахши умдае аз имперотурии Бизонс буд.
  4. Асуристон ё Осуристон номи куҳнае барои Байнаннаҳрайн аст, ки аз ҷониби эрониён ба кор мерафт.
  5. Намедонам Фуротро чӣ гуна маъно кардаанд, ки Фурот будан маънои обёрӣ гирифтааст.
  6. Dilmān. Дилмон номи куҳани сарзамиҳои ғарбии дарёчаи Урмия – ё агар сухани матнро пазирем – номи сарзаминҳои ғарби дарёчаи Урмия то дарёчаи Ван будааст. Дилмақон, номи қадими Салмос бо ин ном марбут аст. Шояд битавон вожаро армон хонд (arman), ки ҳамон Арманистони бузурги қадим бошад, ки фарогирандаи Қорс, Ардаҳону сарзаминҳои кӯҳистонии атрофи дарёчаи Ван будааст.
  7. Dwts'n| gwtst'n (?); Веҳрӯд ва Даитрӯд амалан ду руди мухталиф шумурда шудаанд. Агар иғтишоши асотириву ривоёти ин бахшро дар назар дошта бошем, метавон эҳтимол дод, ки ин ду рӯд якест; зеро дар иртиботи Синд бо Веҳруд тардиде нест; дар бораи Даитируд низ аз пурхрафстр будани он сухан мегӯяд, ки бо рӯди Синд татбиқ мекунад, зеро ин руд, дар қисматҳои сифлӣ дорои сусмору ҷуз он аст. Дар ин сурат сарзамини gwtst'n|dwtst'n ҷое дар шимоли Покистон ва шимоли ғарбии Ҳиндустон – муҳтамилан Кашмир – қарор хоҳад дошт.
  8. Ҳар се дастнавис: d'wt|g'wt. Оё имлои вайроншудае барои g'p аст? Дар сурати вожа gaw хонда мешавад, ки талаффузи миёнаи кухане барои gava–и авестоӣ аст, ки талаффузи тозаи он дар форсии миёна ба сурати gāy ёд шуд.
  9. Панҷу Панҷистон аз навоҳии шимоли Ҷайҳун будааст ва низ номи яке аз шӯъбаҳои Ҷайҳун Панҷ аст, ки дар ин замон дар Ҷумҳурии муттаҳидаи (Меҳрдод Баҳор ҳамин хел гуфтааст – М. Д.) Тоҷикистон қарор дорад. Вожаи баъд: Аранг, дар ҳар се матн: 'lnn. Мавриди баъдӣ, Ҳарирӯд низ ҳамин имлоро дорад.
  10. Ҳар се: swt' 26. Ҷахшарту Бахшарт, дар забонҳои урупоӣ jaxartes, Сирдарё ё Сайҳун аст, ки як бор Аранг хонда шуд.
  11. Дар ин ҷо Веҳрӯд,-ки қаблан рӯди Синд дониста шуда буд-амалан бо Ҷайҳун яке дониста шудааст, зеро Балхрӯд ба Ҷайҳун мерезад.
  12. Туртур, Тартар ва Тартур имлоҳои мухталифи нои шӯъбаҳое аз рӯди Кур дар Озарбойҷон аст.
  13. Дарёи Серов шояд дарёчаи Севан бошад, ки дар Арманистон аст. ТД2: syl'қ
пешина
аз 314
навбатӣ