Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хонданДар зер мо хулосае аз тарҳи тақсимбандии ҷонварон дар ҳар якро меоварем. Тарҳбандӣ бад-ин қарор аст. Нахустин се карда:
- Чароарзонӣ ва гаришак (дому дад). 2. Парранда. 3. Ҷонварони обӣ. Ин се карда ба панҷ оина бахш шуд:
- Дукофтпойи чарокунанда. 2. Харпой.
- Панҷангушт. 4. Парранда. 5. Ҷонварони обӣ.
Ин панҷ оина ба дувисту шасту ду сарда бахш шуд: - Буз, панҷ сарда. 2. Меш (=гӯсфанд), панҷ сарда. 3. Шутур, ду сарда. 4. Гов, шонздаҳ сарда. 5. Асп, шаш сарда. 6. Саг, даҳ сарда. 7. Харгӯш, панҷ сарда. 8. Росу, ҳашт сарда. 9. Муш мушк, ҳашт сарда. 10. Шабкӯр, ду гуна. 11. Моҳӣ, даҳ сарда. Ва аз омезиши ин сардаҳо (175 сарда, ки шомили ду гунаи шабкӯр низ мешавад) бо якдигар маҷмӯан дувисту ду сарда падид меояд.
Яксаду даҳ сардаи мурғон ба ҳашт гуна тақсим шуд. Матни «Гузидаҳои Зодспарам» аз банди 42, фасли савуми он китоб оғоз мешавад, ки бинобар он яксаду ҳаштоду ду сарда ҷонвар падид омад. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки адади шасту ҳаштод дар навиштан нахуст шабеҳи ҳам ҳастанд ва вуҷуди як дандона камтар ҳаштодро дар имлои паҳлавӣ шаст мекунад.
Нахуст ба се (карда) тақсим шуданд: - Чаҳорпои бар замин раванда. 2. Моҳии дар об шинокунанда. 3. Марғи дар фазо парвозкунанда.
Сипас ба панҷ оина тақсим шуданд: - Чаҳорпои гирдсунб. 2. Чаҳорпои дугонасунб. 3. Панҷчанг. 4. Мурғ. 5. Моҳӣ.
– ки аз назари маскан (=моништ) ба панҷ бахш шуданд: - Обзӣ. 2. Сӯрохзӣ. 3. Парвозӣ, ки дар фазо зист мекунанд. 4. Дад, ки озодона дар ҷаҳони вуҳуш зист мекунад. 5. Аҳлӣ, ки ба рамаву чаро дошта мешавад.
Сипас, ба баҳрон тақсим шуданд: - Гирдсунб яке, ки аспҳо аст.
- Дугонасунб, ки бисёр аст чун шутуру гову мешу буз. 3. Панҷчанг чун сагу харгӯшу мушу самур. 4. Мурғ. 5. Моҳӣ.
Сипас, ба сарда бахш шуд: - Асп, ҳашт сарда. 2. Хар, ду сарда. 3. Гов, понздаҳ сарда 4. Меш (=гӯсфанд), панҷ сарда. 5. Буз, панҷ сарда. 6. Саг, даҳ сарда. 7. Харгӯш, панҷ сарда. 8. Самур, ҳашт сарда. 9. Муш, ҳашт сарда. 10. Мурғ, яксаду даҳ сарда. 11. Моҳӣ, як сарда, ки сарда бо сардаи дар сарда як ҳазор оина аст. Мурғон ба ҳашт раста тақсим шуданд – аз он ки бузургтар аст то он ки кӯчактар аст; ва низ дар миёни эшон ду мурғ дорои табиати хос фароз офарида шуд, ки симурғу шабкӯр аст.
Муҳтамилан, тақсимбандии аслӣ бар асоси 1-карда, 2-оина, 3- моништ\баҳр ва 4- сарда будааст, ки «Бундиҳиш» тақсим ба моништу баҳраро надорад ва «Гузидаҳои Зодспарам» низ дар зери баҳр ҳамон тақсими оинаро такрор мекунад; вале дар иваз, тақсиме изофӣ аз назари маскани ин ҷонварон дорад. Тақсими дигар ба раста аст аз кӯчак то бузург.
Бино ба ин тасаввур, бо дар назар доштани бақияи матолиб метавон мӯътақид шуд, ки ҷонваршиносии давраи сосонӣ ҷонваронро аз чанд назар мавриди таваҷҷӯҳ қарор медода ва онҳоро тақсим мекардааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор