Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БАХШИ 10
Дар бораи истилоҳоти тақвимии ва номи ҷашнҳои сол ва бахшҳои рӯзу ҷуз он, к. н. ба «Пажӯҳише…»

  1. Авесто: haØra-, паҳлавӣ: hāsr. 2. ТД2: ašārišn; ТД1: ymšlšn'. Аммо дар ТД2, 160-12: lšwng; ТД1: šlwng. Н. к. ТД2. 190-2.
  2. Ҳар ду: dmn'; дуруст gāmān, gm`n'. 4. ТД1 ҳафт бадастро баробари як гом (дупоӣ) медонад ва ТД2 ҳар шаш бадастро. Дарвоқеъ ҳар 6/6 бадаст баробари як гоми дупоӣ аст.
    БАХШИ 11
    Барои иттилоъ дар бораи эзидон нигоҳ кунед ба «Пажӯҳише…» 1. Дилсӯзӣ, шафқат. 2. Rāyēnīdārīh, мудирият, низомбахшӣ, роҳбарӣ. 3. ТД1: rādīh, ТД2: rāstīh. Қироати ТД1 дуруст аст, зеро дар авоили сафҳаи баъд муҷададан аз родӣ сухан меравад. Родӣ баробари каромати исломӣ аст ва род сифати Худованд аст.
  3. Sud, исми мафъул аз решаи sav, ба маънои равшан кардан. Авесто: sūka, sūča- ба маънои равшан ва savah ба маънои бомдод, шарқ. Албатта, баъдҳо savah ба маънои ғарб ба кор рафт.
  4. Дар бораи фарраи каёнӣ, н. к. «Зомиёд-яшт». 6. Erān, вожаи ēr ба ду маъно – эронӣ ва озода аст; ба ҳамин рӯй эрониёнро аҳрор [озодагон] мехонанд.
  5. Авесто: axvarəta, паҳлавӣ: ageift. 8. Пайванд рафтан ба маънои идома ёфтани насл аст. 9. Mēnōg, мавҷуди минавӣ. 10. Dау, офаринанда. Ишора аст ба яке аз сифоти Ҳурмазд ва такрори он ба сурати Дай се бор дар ҳар моҳ.
  6. Pahlom axwān, биҳишт.
  7. Handareman-ganh, ба ҳузур овардан, рӯ ба рӯ кардан. Манзур ин аст, ки Баҳман дар дарбори осмонии Ҳурмазд вазифаи ба ҳузури Ҳурмазд бурдани касонро ба ӯҳда дорад.
  8. Asn-xrad, хиради зотӣ; gōšosrōd-xrad, хиради муктасаб. 14.Watar axwān, дӯзах. 15. Nafsēd, ҳилол шавад (моҳ). Авесто: narp- 16.Afzar, gušnān, олати таносулии мард. 17. Abar sazed аз saz. 18. Се истилоҳи авестоиву паҳлавӣ аз барои ҳилол, бадру ҳилоли муҷадад иборат аст аз:
    Авесто: antar-māh паҳлавӣ: andar-mah, форсӣ: андармоҳ, моҳи нав ва эзиди моҳи нав.
    Авесто: pərənō mah, паҳлавӣ: purr-māh, форсӣ: пурмоҳ, бадр ва эзиди он.
    Авесто: vī saptaθa- дар асл: vt haptaθa – вопасин ҳафт. Ҳилоли муҷадад ва эзиди он.
    19 Вожае, ки абардор, паҳлавӣ: abromand тарҷума шудааст, дар асли авестоии худ afnahvant- ба маънои соҳибмолу сарватманд аст, ки ба иштибоҳ онро дар паҳлавӣ абарманд маъно кардаанд.
  9. Зоҳиран, манзур аз тар доштан, тару тоза доштан аст. 21. Ҳар ду: mihr. 22 Ардибиҳишт дар Авесто: aša,wahišta ба маънои беҳтарин тақвост ва «Ашемвоҳу», ки ду вожаи оғозини суруди муқаддас аст, низ дар Авесто бо ҷумлаи ašəm vahištem asti оғоз мешавад, ки маънои он тақвои неку ва некутарин аст. Нависандаи матн миёни «Ашаваҳишӣ ва «Ашемвоҳу» иртиботи хосе барқарор карда ва чун «Ашемвоҳу» дар поёни дуо меояд, Ардибиҳиштро низ дар поёни гуруҳи Амшоспандон меангорад.
пешина
аз 314
навбатӣ