Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Авесто: ərəzrēspa-, бародари Спити ва фарзанди Успансу. Н. К. банди121 «Фарвардин-яшт». Низ н. к. ба ёддошти шодравон Пури Довуд, «Яштҳо», ҷилди дувум, с. 96, ёддошти 4. Бар асоси матолиби китоби нуҳуми «Динкард» ин ду бародар аз Мозандарон буданд ва барои омӯхтани дониши дин ба назди Фрашаоштра, ки падари ҳамсари Зартушт буд, омаданд.
- Авесто: hvaspa-, паҳлавӣ: xwasp 6. Авесто: čaxravant; ТД1: caxrāvāk ТД2: caxravain; ДН: caxravak (ҳама бо имлои позанд).
- Вожаро ба ду наҳв: nērang/nērōg метавон хонд, ки аввалӣ неру ва дувумӣ афсуну найранг аст.
- Āwahanīhā, ҷои амн, бору, диж. 9. Матолиби дохили ду абрӯ бар асоси ҷумлаи баъд изофа шуд. Қироати ин вожа дар ин қисмат аз бахши ҳозир бар асоси имлои поёни ҳамин бахш (swkpst
n) аст. Ин ном дар Авесто наомадааст, аммо вожаи ба сурати сифати олӣ, яъне (ҷое, ки) бештар гӯгирдро дорад, дар Авесто омада ва маълум нест чӣ иртиботе миёни ин сифати авестоӣ ва ин ном мавҷуд аст. Аз ин ҷо, ки замини Саокавастон миёни роҳи Туркистон ба Чинистон ба ноҳияи шимол аст ва аз қадимулайём яке аз муҳимтарин роҳҳо миёни Чину Туркистон, сарзамини Суғд будааст, мумкин аст ин ном бо шакли дарҳамрехтаи худ ҳамон номвожаи gavestān бошад, ки дар чанд фасли қабл («Дар бораи чигунагии рӯзҳо», ёддоштҳои 15ва 23) дар борааш баҳс шуд ва дар сурати сиҳати назар, имлои дигарест дар канори spstn, ки дар достони «Хусрав ва ридаке» зоҳир мешавад. Шояд номи Губадшоҳ, ки сарвари Саокавастон дониста шудааст, низ муайяди назари мо бошад ва битавон онро gava, pati, яъне сарвари сарзамини gava – Суғд донист. - Čihrōmayān, лақаби Пешутан, Авесто: pašo, tanu. Ин лақаб дар Авесто наомадааст.
- Bāmīg, равшан. 12. Авесто: aγraeraθa-, паҳлавӣ aγrerad, бародари Афросиёб ва писари Пашанги туронӣ. Ағрирас давр набарди Афросиёб Манучеҳр дар Патишхоргар ба эрониён ёрӣ расонид ва ба подоши он писаре чун Губадшоҳ аз ӯ падид омад. Ӯ сарвари кишвари Саокавастан аст. Н. к. «Яштҳо», ҷилди дувум, с. 258, ёддошти 1.
- Fradaxšt i xumbīgān. Ин ном дар Авесто ба назар намерасад, вале бахши аввали он ба сурати сифат fra,daxsta – дар Авесто вуҷуд дорад.
- Н. к. «Пажӯҳиш…», с. 189. 15. Авесто: ašəm. yahmai ušta-; паҳлавӣ: ašēm-yahmāi-ušt, номи яке қуддисини зартуштӣ аст.
- Wan ī jud-beš. Номи ӯ дар Авесто наомадааст. 17. Gar-may. Ҷузъи аввали вожа ба маънои кӯҳ ва ҷузъи дувум баробари мағ дар форсӣ, ба маънои жарфо ва гавдӣ аст. Маҷмӯан ба маънои жарфо ва гавдиҳоест, ки бар сатҳи доштаҳои фарози кӯҳистонҳо дида мешавад, ки бо ғор бар синаи кӯҳ мутавофит аст.
- Ишора ба оромгоҳи Куруш дар Парсагад ва Тахти Ҷамшеду оромгоҳи шоҳони Ҳахоманишӣ аст. Н. к. бахши «Дар бораи монишҳои Каён» ва ёддошти баъд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор