Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БАХШИ 22

  1. Ҳазорахудой, яъне сарварӣ бар ҳазора. Иртиботи дувоздаҳ ҳазор соли умри мафрӯзи ҷаҳон ба дувоздаҳ ахтар мавзӯи баҳс аст. Бад-ин тартиб, ки ҳар ахтаре як ҳазор сол, ба тартиби буруҷи дувоздаҳгона, ҳукумат мекунад. Ин ҳукумат бо Барра (Ҳамал) оғоз мешавад ва ба Моҳӣ (Ҳут) поён мепазирад.
  2. Бе патёра, яъне бе муҳоҷим, бе бадӣ. 3. Маъмулан, Ардашери Ҳахоманиширо бо Баҳмани Исафандиёр яке мегиранд, вале дар ин ҷо Дорои Чеҳрозодонро ҳам Баҳман ангоштаанд.
  3. Ahlaw xwadāyīh ба маънои салтанати ашконӣ аст. Таҳаввули aršaka ба ašk ва яке ангоштани ašk df aša боиси ин тасаввур шудааст. Akšaka – ба маънои мард ё хирси маҳбуб ё кӯчак аст ва aša маънои тақво дорад.
  4. Соли порсӣ муҳтамилан бо оғози салтанати Сосониён шурӯъ мешудааст.
  5. Хазорахудойҳои Тарозу ва Каждум ба арқоми дода шуда татбиқ мекунад; аммо Ҳазорахудои Нимасп бо кам кардани салтанати Эраҷу
    Афросиёб ду сол кам дорад ва агар салтанати он дуро дар Эрон бар рақами кулл биафзоем, бисту ду сол изофа дорад.
    Агар дар ҳазорахудойи Буз, дувисту анде соли салтанати Ашкониёнро, 268 сол фарз кунем, поёни аҳди Сосониён дуруст бо поёни ҳазора ҳамроҳ аст.
    Дар мавриди вопасини таърихи додашуда агар 447 порсиро баробари 652 милодӣ бидонем, таърихи 527 порсӣ баробари 732 милодӣ хоҳад шуд, ки бояд, зоҳиран таърихи поён гирифтани таълифи китоб бошад.
    Поённавиштҳо
  6. ДН ва ТД2: LBN; муҳтамилан: LB, wuzurg ва ба эҳтимол имлои ғалат барои вg, бағ ба маънои сарвару худойгон.
  7. Āsnīdag, пок, муҳтарам. 3. Ҷумлаи авестоӣ, ки баъд аз ин вожа меояд, ҳамон аст, ки тарҷумаи он ба паҳлавӣ дар зери он омадааст.
    ОФАРИН ПАЙҒАМБАРИ ЗАРДУШТ
  8. Офарин пайғамбари Зардушт – ин асар бахшҳои нисбатан мутааххири Авесто аст, ки матни авастоӣ, паҳлавӣ ва Позанд дорад. Баргардонии матни ин асар аз китоби «Виспарад» ба гузориши устод Иброҳими Пурдовуд сурат гирифтааст (Теҳрон, 1381).
  9. Ҷомосп – аз хонадони Ҳогва, ки дар он навиштаҳои паҳлаву порсӣ ба хираду фарзона, доно, ҳаким, давлатманди замон тасвир шудааст, вазири Кайгуштосп ва домоди Зардушт мебошад.
  10. Ушанр-дар Авесто ба шакли Аушанр омада, дар фарвардиняшт сифати зиракӣ ё боҳушӣ дошта, вазири Кайковус маҳсуб меёфт.
  11. …чун Таҳмурас зинованд – ба маънии мусаллаҳ ва аз абзорҳои ҷангӣ бархурдор.
  12. Ажидаҳоки баддин-Ажи-Даҳок, Аждаҳо, ҳамон касе аст, ки дар навиштаҳои порсӣ ва тозӣ Заҳҳок хонда мешавад.
  13. Атбин – дар Авасто Атвия падари Фаридун аст. Ин ном дар форсӣ бояд Атбин бошад, на Абтин.
  14. Пурушасп (Pourusapa) – номи падари пайғамбар Зардушт аст ва ин ном лафзан ба маънии «дорандаи асби пир» аст, маънии лафзии он аз «пурасб» гирифта шудааст (Pouru-aspam).
пешина
аз 314
навбатӣ