Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Вадаг – модари Заҳҳок. 3. Ниревсанг – пайкари Ҳурмузд. 4. менутар – нопайдотар, номаҳсустар, нодиданитар. 5. дастурии дин – пешвоӣ ва паёмбарӣ. 6. коми аҳу – хосту иродаи Ҳурмузд. 7. гетиёӣ – ҷаҳони моддӣ. 8. забони менуӣ – маънавӣ, ғайримаҳсус, ношуниданӣ бар ҳасби зоҳир.
  2. Фракосторон, ки ҳамон кухриданд – авастоии frahxvareza, номи тоифае аз офаридгони аҳриманӣ аст, ки дар адабиёти паҳлавӣ фраҳ-косторон frah-kastaran хонда мешаванд (gastaragin). Маънои номи паҳлавии ин табақа «коҳишдиҳандагони фара» мебошад.
  3. Меши крушакӣ (krosak) – навъе меш, навъе қучи ҷангӣ. 11. Чичаст – дарёи Урумия. 12. Осраван (Âsrum) – руҳонӣ, озарбон. 13. артиштор – сипоҳӣ. 14. Вострйуш (vâstryuš) – кишоварз. 15. Йазишн кардан – дуо хондан ва тақсид кардан. 16. дукард – дупоя. 17. Сарзамини Аргистон – сарзамини канори рӯди Рангҳо Rangha аст, ки дар Вандидод ва Бундаҳиш ёд шудааст.
  4. ҳан - «ҳан» han дар Авасто «ҳана» hana ба маънии пирзан ё пирмард ё куҳан ва пир. Дар ин матн ба маънии пири панҷоҳ то ҳафтодсола омадааст. Дар юнонӣ ҳенос henos аст.
  5. об рехтан – дар маросими «ясна» яке аз оинҳо он аст, ки ба чанд бор зимни тиловати Авасто шеваи парвардаи ҳум [пароҳум/ parâhum]-ро ба канори чашма ё рӯд бурда ва бар оби равон мерезанд.
  6. анеронрӯз – сивумин рӯз аз ҳар моҳ. 21. рӯшанон – офаридагони урмуздӣ. 22. торикон – мавҷудоти аҳриманӣ. 23. ду мену – гавҳар, руҳ: Урмузд ва Аҳриман. 24. хиради ҳамаогоҳ – дониши урмуздӣ, ҳарвишпогоҳ, harvispâgâh. 25. пасохт – rasaxt/var/ varangh (var, varangha) озмоиши эзадӣ. 26. оҳу – пешво, роҳбар. 27. он гоҳ даст бар шиками вай молида шуд – дасти худи Зурдушт ё Амшоспандон.
  7. Гӯспанд (дом, ҷонвар) – панҷ гуна гӯспанд ба маънои ҷонварони панҷгона мебошанд. Гӯспанд исми ҷинс аст ба маънои ҷонвар. Дар Авасто низ гав, гийуш gav-geus ба маънии гов, гӯспанд ва низ исми ҷинс аст. Дар Авасто панҷ гуна гӯспанд гийуш-панҷа geus-panca ба маънои ҷонварони панҷсола омадааст.
  8. Аусинд – Ҳугар Авсинд Hugar Ausind номи куҳест.
  9. харбузи сапед – навъе бузи бузург. 31. радӣ – сарварӣ, меҳтарӣ. 32. дар канори оби Таҷан – эҳтимолан рӯде аст дар марзи Эрон ва Афғонистон, ки ҷойгоҳи таърихӣ ва асили зуҳури Зартушт шинохтаанд («Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ», 1/ 218).
  10. дар канори Сидвис – номи дарёчае аст асотирӣ, Сидвис, Сата-вис Sadvis-sataves, ки дар миёни ду дарёи Фарохкарт ва Пудиг воқеъ аст.
  11. рад – руҳонии бузург ва меҳтар бар дигар мӯбадон. 35. худоӣ – фарморавоӣ ва ҳукумат. 36. Дороҷанзбор – эҳтимолан Дороҷанзбор. Дороҷан номи рӯде аст, дар Эронвиҷ ҷорӣ аст ва хонаи Пурушасп, падари Зартушт дар канори он воқеъ.
пешина
аз 314
навбатӣ