Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Дидори ҳафтум дар тӯли зимистон анҷом шуд, ки панҷ моҳ аст андар як сол – бино ба гоҳшумории қадими авестоӣ сол ба ду фасли бузург тақсим мешуд. Тобистон, ки аз оғози эътидоли баҳор, аз аввали фарвардин то поёни меҳрмоҳ идома меёфт, тобистони бузург номида мешуд. Зимистони бузург аз оғози обонмоҳ шурӯъ шуда ва то поёни исфандмоҳ идома меёфт, панҷ моҳ дар як сол буд («Мутуни шарқӣ ва суннати зартуштӣ», 1/219).
  2. ҷуз Даҳок (Заҳок) ҳама кас ба дин имон оварад ва он гоҳ ҳама кас ба доди (қонуни) фаршкардкирдорӣ Fraškardkartârih биграванд – бад-он маъно ки ҳамаи офаридагон омода шаванд, то дар ҷаҳони наве, ки дар поёни растохез аст, ширкат кунанд.
  3. Спандормаз – фариштаи муваккали замин. 40. кавиҳо – шоҳзодагон, умаро ва фармондеҳон. 41. карапҳо – муғон, мӯбадон ва руҳониён. 42. карефа – савоб, кори нек. 43. Озари бурзинмеҳр – яке аз се оташкадаи бузург ва муқаддас аст. 44. Кунда – номи деве аст. 45. Пас аз чиҳилу ҳафт сол аз дини Зартушт даргузарад – нахустин ҳампарсагӣ дар 30 солагии Зартушт, яъне дар 77 солагии Зартушт.
  4. урдибиҳиштмоҳи хуррӯз – рӯзи ёздаҳум. 47. беҳизакӣ – рӯзи даргузашти Зартушт. 48. андар рӯз шабе бошад –кусуф воқеъ шавад. 49. худоӣ – фармонравоӣ, ҳукумати динӣ. 50. Маъхазҳо: Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ. Пажуҳиш ва навиштаи Ҳошим Разӣ. Ҷилди аввал. – Теҳрон: Беҳҷат, 1383. – С.139-161; Гузидаҳои Зодспарам. Тарҷумаи Муҳаммад Тақӣ Рошиди Муҳассил. – Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1366.
    РИВОЯТИ ПАҲЛАВӢ
  5. Ривояти паҳлавӣ – яке аз намунаҳои ҷолиби насри паҳлавӣ, ки ба зиндагӣ ва корномаи динии Зартушт бахшида шудааст. Баргардонии мазкур аз китоби «Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ», пажуҳиш ва навиштаи Ҳошим Разӣ (ҷилди аввал.-Теҳрон, 1383.-С.162-166) анҷом ёфт.
  6. насокаш – ин туҳмат дар тамоми манобеи паҳлавӣ зикр шудааст. Насокаш дар Авасто ба маънии мурдакаш ва муродифи ҷодугар аст.
  7. Астивдод (Astivdad) – аз авастоии Asto-vizato, номи деви марг аст, ки равони мурдагонро ба ёрии деве дигар ба банд баста ва ба Чинводпул мебурд.
  8. Акумандев – дар Авасто бадандеш, зиштманиш. Аз девҳои бузург ва паёмовари Аҳриман аст.
  9. Нариюсанг – паёмбар ва пайки Урмузд. 6. гарзмон (garzmân) – биҳишт garo-demâna. 7. Ҳутус – дар Авасто Hutaosa, зани Виштосп, ки чун худи ӯ аз хонадони Нӯзар будааст.
  10. Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ. Пажуҳиш ва навиштаи Ҳошим Разӣ. Ҷилди аввал. – Теҳрон: Беҳҷат, 1383. – С.162-166;
    ВИЗИРКАРДИ ДИНИГ
  11. Виҷаркарди диник – ин ҷо «виҷар» ба маънии ҳукм, даъво, фатводиҳанда. Яке аз намунаҳои хондании насри паҳлавӣ аст, ки ба қалами Мидюмоҳ писари Орост навишта шуда, шарҳи зиндагонии Зартуштро дар бар мегирад. Ин асар ба Гузидаҳои Зодспарам ва ривояти паҳлавӣ монандӣ дорад. Баргардонии ин асар аз маҷмӯаи «Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ», ки пажуҳиш ва навиштаи Ҳошими Разӣ-донишманди эронӣ аст, сурат гирифтааст (ҷилди 1, Теҳрон, 1383, с.112-126).
пешина
аз 314
навбатӣ