Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- ашу –муқаддас, парҳезкор, беолоиш. 18. астуманд – истиқост, аносир, аркон. Калимаи астуманд аз ҷиҳати реша ва мафҳум бо вожаи юнонии «астхуйихюн» мутобиқат дорад.
- урварон –растаниҳо ва маҷмӯи наботот, киштзор. 20. комраво – дар ин ҷо шояд ба маънии фарбеҳ ва ё танпарвар омадааст.
- Марди шикастае бо фарзанди бисёр дидам, маро барозанда намуд – дар дини зартуштӣ доштани фарзанди бисёр аз ҷумлаи аъмоли писандида аст.
- Гуштоспшоҳ – аввалин подшоҳе, ки ба дини Зартушт гаравид ва аз ӯ пуштибонӣ кард.
- Он симин худованде Ардашеркай аст, ки ба ҳамин писари Сипандод хонда шавад – Ардашери дароздаст мулаққаб ба Ваҳуман писари Сипандод аст (Баҳман писари Исфандиёр дар «Шоҳнома»).
- Он рӯин худованде Ардашер – Ардашери Попакон аввалин подшоҳи сосонӣ аст.
- Шопуҳаршоҳ – писари Ардашер. 26. онро ба ростӣ оварад – ишора ба Озарбоди Маҳраспандон, нахуствазир ва мӯбади мӯбадони Шопури дувум, ки барои рафъи ихтилофоти мазҳабӣ савганд ёд намуд.
- Вилошшоҳ – подшоҳи ашконӣ, ки Авесто ва Зиндро ҷамъоварӣ намуда ва ба дини Зартушт равнақ дод.
- Гирикарсиёк – номи яке аз душманони дини маздоясно аст (аз авестоии Кирисонӣ – Keresani).
- друнад – бадирдор, кофир, девманиш. 30. Баҳроми Гӯршоҳ – подшоҳи сосонӣ, ки ба воситаи шиканҷаи душманони дин ва ҷилавгирӣ аз мазҳабҳои бегона маҳбуби аҳли дин буд.
- менуи ромиш – тараби маънавӣ. Баҳроми Гӯр тамоюли махсусе ба шеъру мусиқӣ ва тараб дошт ва ба қавли Фирдавсӣ аз Ҳиндустон қабилаҳои луриро ба Эрон даъват кард.
- Хусрав писари Куводшо – Хусрави аввали Анӯшервон писари Қубод.
- жӯлидамӯй – мӯйпарешон ва сарбараҳна дар назди эрониёни қадим нописандида буд.
- барсам – барои задан ва шикастани девон аст. 35. хветудис – хешӣ додан, пайванди хешӣ. 36. «итҳо озизмида» - дуои зартуштиён, ки пеш аз хӯрок мехонанд ва Аҳурамаздоро ба унвони офаридгори офариниши некӯ парастиш мекунанд.
- «ашим ваҳу» - ишора ба дуои кӯтоҳе, ки зартуштиён мукаррар мехонданд.
- «дувоздаҳ ҳумист» - дувоздаҳ ҳумост, дуоест, ки дар 264 рӯз ба ифтихори 22 фаришта мехонанд ва ҳар фаришта ба навбати худ 12 рӯз пай дар пай парастиш мешавад.
- зуҳар – об ё чарбе муқаддас, дар замони қадим ба маънии пиҳ ва чарбуи ҳайвонест, ки чаҳор рӯз пас аз марги як нафар зартуштӣ ба оташи Баҳром тақдим мешуд.
- суруди Готҳоро бихонад – дар панҷ рӯзи охири моҳ панҷ Готҳоро бихонанд.
- оини воҷ – вож, воз, боз, боҷ, хомӯшиест, ки ба муғон дар вақти бадан шустан ва хӯрданӣ хӯрдан, баъд аз замзама ихтиёр кунанд. Воҷ гирифтан – дуое аст, ки зартуштиён қабл ва баъд аз хӯрок замзама мекунанд. Ин луғат аз решаи ваҷ – воҷи авестоӣ ба маънии сухан гуфтан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор