Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Корнамои Ардашери Бобакон – яке аз намунаҳои маъруф ва шинохтаи насри давраи миёна забони форсӣ мебошад, ки ба таърихи зиндагӣ ва салтанати бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон бахшида шудааст. Ин асар борҳо мавриди тарҷума ва нашр қарор гирифта, дар таҳияи он аз матни маҷмӯаи «Адабиёти паҳлавӣ» (Д. Саймиддинов. – Душанбе, 2003) истифода шуд.
- кадхудой – мулуку-т-тавоиф. 3. заниш – зарба. 4. дуои патитӣ – суханони тавба аз Авесто. 5. Ҳурмузд – Муштарӣ. 6. Баҳром – Миррих. 7. Аноҳид – Ноҳид-Зуҳра. 8. Ҳафтавринг – Дубби Акбар. 9. Шерахтар – Асад. 10. Кайвон – Зуҳал. 11. Тир – Аторуд. 12. ғунд – даста. 13. пист – талқон. 14. андарзбад – насиҳатгӯ ва мураббӣ.
ШАҲРИСТОНҲОИ ЭРОНШАҲР - Шаҳристонҳои Эрон – яке аз навиштаҳои даврони паҳлавӣ дар мавриди таърихи бунёди шаҳрҳои Эроншаҳр аст. Нашру тарҷумаи ин матн аз китоби Д. Саймиддинов «Адабиёти паҳлавӣ» истифода шуд.
- Хуросон – Хваросон ба маънии «офтоббаро», машриқ, самте, ки аз он хуршед бармеояд.
- Фаргард – бахш, қисмат. Масалан бахшҳои чанде аз китобҳои мӯътабари давраи бостонӣ, аз ҷумла баъзе аз қисматҳои Авесто, Ардавирофномаро фаргард гӯянд.
- Йам – Ҷам, дар забони форсии миёни ҳамроҳ бо ҷузъи – шед шакли Ҷамшедро дорад. Дар Авесто ба сурати Йима Вивангҳана, дар паҳлавӣ Йами Вивангҳон, дар Ҳиндии бостон Йима омадааст. Ҷамшед яке аз қаҳрамонони асотирӣ ва бо такя ба дидгоҳи дигар шахсияти таърихии мардуми эронӣ дар замони бостон маҳсуб мешавад, ки зикраш аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рафтааст.
- Хворизм – Хоразм, нигаред ба тавзеҳи саҳ.16 6. Марврӯд – шаҳристоне дар канори Марврӯд (Мурғоб), бино ба таъкиди Ёқути Ҳамавӣ байни Марви шоҳиҷаҳон ва Марврӯд панҷрӯза роҳ фосила аст.
- Ҳарой – Ҳирот, паҳлавии Ҳарай, дар катибаи Дориюш дар Бесутун Ҳараива, дар катибаи порти Шопур дар Каъбаи Зартушт Ҳрйв, дар «Шоҳнома» Ҳарӣ омадааст.
- Пушанг – шаҳре аз шаҳристонҳои Эрон, ки ба арабӣ Бушанҷ хонадаанд.
- Тӯс – шаҳристони Тӯс, ки бунёдгузориш қаҳрамоне ба номи Тӯс ёд шудааст.
- Невшопур – шаҳристонест, ки онро Шопури Ардашерон бунёд кардааст. Нев-нек, хуб ва некӯ, Нев-Шопур – «Шопури нек». Шакли баъдии ин номи эронӣ Нишопур ва Нишобур шудааст. Аз ин шаҳр бо номи Абар-шаҳр низ ёд кардаанд.
- Косен – пойтахти Кадими куҳистон, ба арабӣ Қоин аст. 12. Даҳистон – шаҳристоне дар Гургон аст, ин ном ба қабилаи «даҳ» мансуб мебошад, ки аз он дар катибаи Хшояршо – шоҳи ҳахоманишӣ ба забони форси бостон низ ёд шудааст.
- Кумис – дар осори арабӣ Қумис ёд шудааст, ки аз шаҳрҳои машҳури Гургон маҳсуб мешавад.
- Вируи-Паҳр – номи қадимаи дизи Дарбанд, дар сурёнӣ Вирупаҳранг, арманӣ Ивруй – парҳак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор