Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Кай-Хусравшод – Каи-Хусрав-шод, аз шаҳрҳои бостонии эронӣ, ки бунёдгузони он Хусрави Каводон, севумин шоҳи хонадони Каёнӣ мебошад.
- Хусрав-Мустобод – номи шаҳристони эронӣ висп-шод-Хусрав, ба маънии «ҳама шод Хусрав» аст.
- Виспшод-Хусрав – номи шаҳристони эронӣ виспшод-Хусрав, ба маънии «ҳама шод Хусрав» аст.
- Ҳубӯй-Хусрав – Ҳубуд-Хусрав, номи шаҳристони эронист; Ҳубуд гунаи баъдии он «ҳубӯй-хушбӯй»; «Ҳубуд-Хусрав» - «Хушбӯй Хусрав».
- Шод-фархв-Хусрав – номи шаҳристони эронист. Маънои он «шодии Хусрави фаррух ва ё номдор» аст.
- Хурбарон – хварбарон, хвар-парон – офтобнишин, яъне самти мағриб аст. Дар форсии миёна хварупарн маънои «шом»-ро дорад.
- Тисифун – Ктесифон, Мадоин, пойтахти давлат ва шоҳаншоҳии Сосониён.
- Урио – гуни паҳлавии Эдесса – яке аз шаҳриҳои шимолу ғарби Байнаннаҳрайн мебошад. Ба сурёнӣ Урҳой ва ба арабӣ ар-Руҳо мебошад.
- Бовел – ба форсии бостон Бабиру, сарзамине дар Баҳнаннҳрайн, шаҳре дар канори рӯди Фрот аст.
- Тир – номи сайёраест, ки Аторудро ба он ном баранд. 25. Ҳерат – шаҳрест дар Ироқ, ки ар-Ҳира низ гӯянд, ба оромӣ Ҳерта ба маънии «урдугоҳ» омадааст.
- куҳиёрон – фармонравоёни куҳистон. 27. Мусил – шаҳристони Мавсул ва ё ал-Мавсил, зодгоҳи хунёгари маъруфи араб Иброҳим ал-Мавсилӣ, ки ҳикоёти марбут ба ӯро Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Китобу-л-ғонӣ» нақл кардааст, аз он ҷост.
- Газирг – ал-Ҷазира. 29. Шом – Сурия, ба арабӣ ба гунаи ал-Шом навишта мешавад. 30. Яман – сарзаминест дар ҷануби Арабистон. 31. Фрико – Африқо. 32. Кӯфа – шаҳристоне дар наздики Ҳира. 33. Мака – ба забони форсии миёна Маккаҳ. 34. Мадина – ба форси миёна Мадинаг. 35. Нимрӯз – Ҷануб. 36. Ковул – яке аз шаҳристонҳои эронӣ Кобул (ниг.: Вайикирита), имрӯза пойтахти давлати Афғонистон.
- Рахват – номи яке аз шаҳристонҳои эронӣ аст, ки дар таълифоти Ёқути Ҳамавӣ дар шакли Руххаҷ омадааст.
- Буст – сурати арабиву форсии Баст, шаҳре дар канори рӯди Ҳилманд, ки дар миёни Зобулистону Ғазнӣ ва Ҳирот ҷой гирифтааст.
- Фароҳ – Фроҳ, номи шаҳристон, дар арабӣ ба гунаи Фараҳ, дар юнонӣ Фра омадааст.
- Зобулистон – шаҳристоне дар қисмати шарқии Эрон, Зобули кунунӣ.
- Заранг – гунаи паҳлавиаш Зранг, номи қадими Сакастон (Систон) – кишвари қабоили сакоӣ мебошад. Зранг дар форсии бостон Зранка, дар осори юнонӣ Драггиане, лотинӣ Дрангиана, дар осори арабӣ Зранҷ хонда мешавад. Заранг маркази Сакастон буд.
- Патишхворгар – номи силсила куҳҳо аст. 43. Кирмон – номи шаҳристонест дар Эрони қадим, ки имрӯз низ яке аз вилоятҳои муҳими Эрон ба шумор меравад.
- Веҳ-Ардашер – шаҳристони Селевкия дар канори рӯди Даҷла аст. 45. Стахр – Истахр, маркази Порс дар замони Сосониён, аз авестоии Стахра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор