Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хонданАНДАРЗҲОИ ПЕШИНИЁН
- Андарзи пешиниён – яке аз намунаҳои кӯчаки насри паҳлавӣ, ки ба китоби «Матнҳои паҳлавӣ» ворид шудааст. Вижагиҳои забонии андарзи мазкур дар тадқиқоти забоншиносони ватанӣ ва хориҷӣ зикр шудааст. Нашр ва тарҷумаи онро Дҳабҳар, Навобӣ, Чунакова, Саймиддинов анҷом додаанд. Баргардонии матни «Андарзи пешиниён» бо такя ба маҷмӯаи «Адабиёти паҳлавӣ»-и Д.Саймиддинов (Душанбе, 2003) анҷом ёфт.
ЯКЧАНД СУХАНЕ (КИ) ОЗАРИ ФАРНБАҒИ ФАРРУХЗОДОН ГУФТ - Якчанд сухане (ки) Озари Фарнбағи Фаррухзодон гуфт – андарзномаи кӯчаки паҳлавӣ аст, матлабро дар қолаби рамзу намод ба ёд медорад ва ба пешвои бузурги зартуштиён дар қарни нуҳуми мелодӣ Озари Фарнбағ писари Фаррухзод мансуб аст. Дар таҳияи андарзномаи мазкур аз маҷмӯаи «Матнҳои паҳлавӣ »-и Саиди Урён истифода шуд.
- пок – муназзаҳ, тоза. КАТИБАҲО * Катибаҳои нахустини Ҳахоманишиён бавижа катибаҳои Доро ва Хшайоршоҳро Бобо-Назар Ғафор (соли 2000) мустақиман аз порсии бостон ба тоҷикӣ баргардондааст, ки нахустин бор дар китоби ӯ «Номаҳои Бостон» (с. 2010) чоп хӯрдаанд.
КАТИБАҲОИ ШОҲОНИ ҲАХОМАНИШӢ
- Катибаҳои шоҳони ҳахоманишӣ – навиштаҳои хурду бузурге, ки аз давраи Ҳахоманишиён аз номи шоҳони ин хонадон дар минтақаҳои гуногуни шоҳаншоҳӣ ба ёдгор монда, ҳар кадоми онҳо дорои арзиши камназири таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд.
МАШҲУРТАРИН БАХШИ МАНШУРИ КУРУШИ КАБИР
- Машҳуртарин бахши маншури Куруши кабир – нусхае аз маншури Куруш, куҳантарин фармони шинохташуда тафоҳум ва ҳамзистии миллатҳо, нахустин баёнияи чаҳонии ҳуқуқи башар дар толори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк) ҷой гирифтааст. Баргардонӣ ва таҳияи ин санад ба унвони «Маншури Куруши ҳахоманишӣ» аз нашри эронӣ, ки аз ҷониби муҳаққиқи эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар силсилаи «Пажуҳишҳои эронӣ» нашр шудааст, сурат гирифт (Теҳрон: Навиди Шероз,1386. -40с.).
- Куруш (kūruś) – бунёдгузори шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ дар Порс. 3. Бобул (Bābiru) – яке аз кишварҳои тобеи давлат ва шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, иборат аз ду ҷузъ «bāb» – дарвоза, «ilu» – Оллоҳ, Худо яъне «дарвозаи худоён».
- Камбуҷия (Kambuçiya) – писари Куруши бузург, шоҳи Порс то ба давраи Дориюши аввал.
- Чишпиш (Čiśpiś) – падари Ариярамна ва писари Ҳахоманиш. 6. Мардук (Амар-уту) – аз вожаи ориёӣ ва авастоии «Амиритот» ба маънои ҷовидонагӣ/бемаргӣ». Мардук шабоҳате бо Аҳурамаздо дорад ва мисли ӯ дар сайёраи Муштари ҷилвагарӣ мекард. «Шугуру»-и ориёӣ ва коси маънои «бузургтарини сарвар»-ро дорад, ки бо маънои Аҳурамаздо (сарвари доно – сарвари хирадманд) пайвандӣ дорад.
МАНШУРИ КУРУШИ ҲАХОМАНИШӢ - .... ҳамаи ҷаҳон – аз ин ҷо то поёни сатри нуздаҳум ривоят на аз забони Куруш, балки аз нақли нозири ношинохта омадааст, ки дарбаргирандаи назари аҳолӣ ва бузургони Бобул аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор