Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- бо асбони хуб – сифате дорои аспи модӣ. Асб (aspa) ба сифати uvaspa «дорандаи асбони хуб» аст.
- ...ба хости Аҳурамаздо, ба хости ман – зоҳиран Дориюш худро бо Худо баробар медонад.
- ...аз ҳеҷ дигаре наметарсад – нотарсии мардуми Порс бо тарси дигар мардумон дар қонуни шоҳӣ баён шудааст.
- ...аз ин сӯйи дарё ва аз он сӯи дарё – бояд мақсуд Мадитрона бошад. 6. ...инҳо кишварҳое ҳастанд, ки чунин карданд, ки дар ин ҷо гирди ҳам омаданд – ин ақвом дар сохтани Тахти Ҷамшед ҳамкорӣ кардаанд (ҳамон гуна ки дар сохтани Кохи Шуш) ва барои адои эҳтиром ба шоҳ гирди ҳам омадаанд.
КАТИБАҲОИ ШУШ - Катибаҳои Шуш – иборат аз 24 бахш, ки тавсифи бархе аз онҳо ба тариқи зер аст: 1. Катибае ба форсии бостон дар рӯи қитъаоти оҷур; 2. Катибае ба форсии бостон дар ду нусха, ки яке аз онҳо комил буда, дар рӯи оҷурҳо қарор дорад; 4. Катибае бо забони форсии бостон ва эломӣ, эҳтимолан ду ё се нусхаи мутафовит дар рӯи пояҳои сутунҳо аст; 5. Катибае сезабона (ёздаҳ қитъаи форсии бостон, панҷ қитъаи бобулӣ, нусхаи бобулӣ тақрибан комил аст). Мазмуни нахустини он барқарории сулҳ дар шоҳаншоҳӣ аст, дар ибтидо феҳрасте аз ақвом омадааст. Оғози матн дар бораи офариниши ҷаҳон ва алқоб аст. Пас аз он сухан дар бораи сохтмонҳои Шуш меравад; 6. Катибаи сезабона, ки охираш комил буда, қитъаоте аз он рӯи лавҳаҳои нуқра, рӯи лавҳаҳои мармарин ё сангӣ рӯи оҷурҳо сабт шуда ва ҳатто рӯи хамираҳо боқӣ аст. Мазмунаш сохтмони кохии Шуш. Матни мазкур аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н.Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.
- Тачара (tačara) – тибқи фарҳангҳои тафсирӣ ин вожа дар забони форсии бостон аз решаи tak / tac баромда дар забонҳои эронӣ ба маънии «гузаштан, рафтан», гоҳе «давидан» ва «ҷорӣ кардан» (дар мавриди ҷараёни об) хеле зиёд ба кор меравад. Ин ҷо нишондиҳандаи маҳалли гузар, долоне ба толори аслӣ.
- Бадиҳое бисёре карда буданд – мушкилоти сиёсии бисёре мавҷуд буд. 4. Девор – вожаи didia-ро эҳтимолан «девор» тарҷума карданд, ки дар ҷои дигар маънии «диж» медиҳад.
- Ин кох - «кох» ба забони форсии бостон «ҳадиш» hadiś, аз решаи ҳиндуаврупоии sed (нишастан) ба маънои «ҷойгоҳ», ҷойгоҳи шоҳ ё фармонраво.
- Шуш рехта шуд аз як сӯ ба 40 арш дар умқ, аз сӯи дигар ба 20 арш дар умқ – корҳои хокбардорӣ дар умқи 40 ва 20 аршро дар назар дорад.
- чӯби яко – «Dabergia Sissoo Roxb» форсии ҷағ, чӯбе сиёҳ ба ранги обнус.
- обнус – дар забони форсии бостон обнус «чӯби сангӣ» аст, аз ибрӣ ё аз оромии eben «санг».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор