Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- оҷ – вожае аз забони форсӣ бостон, ба маънии ниёи даври вожаи форси «фил».
- Абероду – маҳалле дар Сузиён, ки ношинохта аст. 11. … туро, ки пас аз ин шоҳ хоҳӣ буд – эҳтимолан Хшайоршо аст, ки дар ин ҷо шоҳигарии минбаъда ба ӯ мансуб шудааст.
- сарзаминҳои дарё – юнониёни ҷазиранишин. Юнониёнро Yauna (юниён) номиданд. Дар феҳрастҳо онҳо чунин тафовут доранд: «юнониёни он сӯи дарё» (юнониёни хушкӣ), «юнониёне, ки дар рӯи заминанд» (дар Осиё). Гоҳе онҳоро «мардумони он сӯи дарё» ва «сарзамини дарё» мехонанд. Дар феҳрасти Ҳеродот юнониён танҳо сатрапе воҳид ҳастанд.
- Урарту – номи бобулии Арманистон аст. Номи Арманистон дар форсии бостон ба сурати Армания Arminiya ба мушоҳида мерасад, вале котибони бобулӣ ҳамеша исми қадимии ин кишвар, яъне Урарту (ё дар бобулии ҷадид Urastu)-ро ба кор мебурданд. Маншаи форсии номи Армания равшан нест, аммо ин ном тавассути забони юнонӣ ба забонҳои аврупоӣ гузаштааст. Матнҳои акадӣ Арманияро бо номи Урарту ва матнҳои бобулии ҳахоманишӣ бо номи Urastu сабт кардаанд, ки номи қадимии ин сарзамин қабл аз вуруди арманиён буд.
- Кимрӣ – номи бобулии Сакистон. Сакоҳо дар катибаҳои бобулӣ «гимриҳо» ном доранд. Номи қавме аст, ки қабл аз таҳоҷум, бино ба шаҳодати солномаҳои Байнаннаҳрайн ва Таърихи Ҳеродот, ховари наздикро ишғол кардааст. Маълум нест, ки гимриҳо эронизабон буданд ё не, албатта бино ба истифодаи котибони бобулӣ аз ин ном зоҳиран эронӣ таъйид мешаванд.
- Қодия – сарзаминҳои Макӣ (форсии бостон Maka) Макиён қавме ношинохтаанд, ки дар соҳилҳои халиҷи Форс, дар наздикии тангаи Ҳурмуз ҷойгоҳ доштанд. Номи Мака ҳанӯз дар номи Макрон (Maka –Karana «соҳили Мака») мавҷуд аст. Шояд эшон ҳамон Микиён бошанд, ки дар феҳрасти Ҳеродот ба унвони Стропӣ омадааст. Вожаи бобулии ин сарзамин Қодия аст.
КАТИБАҲОИ СУИЗ - Катибаҳои Суиз – иборат аз чанд бахш, бахши нахуст сангнавиштаи сезабона аст. Қисмати дигар катибаи сезабона буда, тарҷумаи эломӣ шадидан осеб дида ва тарҷумаи бобулӣ нест шудааст. Матни мазкур аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.
- Ман порсӣ… - дар матнҳои бостонӣ пеш аз ҳар чиз таъкиди бештар бар қавмият аст.
- ...аз Порс, Мисрро гирифтам – ишора ба фатҳи Миср аз тарафи Камбуҷия аст.
- Нил – номи рӯде дар Миср, ки ба забони форсии бостон аз забони мисрӣ гузаштааст.
КАТИБАҲОИ ХШАЙОРШО
- Катибаҳои Хшайоршо – навиштаҷоте, ки дар Алванд, Ҳамадон, Тахти Ҷамшед, Шуш, Вон сабт шудаанд. Матни мазкур аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форси онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст ( Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор