Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданКАТИБАИ ЗИДДИ ДЕВОНИ ХШАЙОРШО
- Маъхаз: Номаҳои бостон /Тарҷумони матнҳои Ависто, порсии бостон, йунонии бостон, паҳлавӣ, виростор, муаллифи сарсухан, тавзеҳот ва луғот Бобо-Назар Ғафор/. – Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2010. – С. 149-251.
Катиба соли 1976 аз порсии бостон тарҷума шудааст.
КАТИБАҲОИ АЛВАНД ВА ҲАМАДОН - Катибаҳои Алванд ва Ҳамадон – матни мазкур аз тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форсии онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст (Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз,1381) баргардонӣ шуд.
КАТИБАҲОИ ТАХТИ ҶАМШЕД - Катибаҳои тахти Ҷамшед – катибаи сезабона дар 4 нусха рӯи девораҳои дарунии ду гузаргоҳ дар Бошкӯҳ - «Дарвозаи Хшайоршо» ё «Дарвозаи милал». Матни мазкур аз рӯи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П. Лукук ва тарҷумаи форси онро Н. Халхолӣ зери назари Ж. Омӯзгор анҷом додааст ( Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.
- Хуб – барои тавсифи сохтмонҳо аз вожагони муҳими аҳди Хшайоршо аст.
- …худи ман сохтам ва падарам сохт – нисбат додани ағлаби корҳои мансуби худ ба номи Дориюш.
- …дар ин ҷо – яъне Ападона 5. …ин кохро сохт – яъне як ҳадишро ( КҲ,304) 6. …ҳар ду зинда буданд – феъли замони гузашта аст, онҳо дар замоне, ки ин санад ба фармони Хшайоршо навишта мешуд, мурда буданд.
- …Дориюш тахтро раҳо кард – манзур марги Дориюш аст. 8. Акауфакиён – яке аз қабоили камаҳмияте аст, ки дар канори ақвоми бузурги шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ омадаанд. Баромадашон эронӣ, Акауфачия Akaufaciya ба маънии «кӯҳнишин» (kaufa-форсии кӯҳ) дар яке аз катибаҳои Хшайоршо миёни торокиён ва либияиҳо омада, ҳеҷ нишоне аз маҳалли сукунаташон нест. Акауфакиён номашонро бо вожаи кунунии қуфс (кӯч), ки дар ҷануби шарқии Эрон дар сарзамини Башогардмиёни Ҳурмуз ва кӯҳи Бориз роиҷ аст, як медонанд.
- Яке аз онҳо – мушаххас нест, ки мақсуд кадом аст ва чаро аз ӯ ном бурда нашудааст.
- девкада (daiva-dana) – вожаи таркибӣ дар забони форсӣ бостон ба маънии сохтмонҳои устувори маъбадҳо аст.
- …бино бар оин – оине аст, ки мафҳуми дақиқи он дуруст маълум нест. Хшайоршо се бори як иборатро ба кор мебурд (artaka brazmaniya), ки ба тариқи мухталиф тарҷума шудааст, аз ҷумла: «дар замони муқаррар ва табқи оин». Вожаи нахустин arta (ca, яъне «ва») ё бо вожаи санскрити rta («назм» ва ғайра) ва ё авастоии asa («адолат ва воқеият») иртибот доранд. Ин вожае аст, ки лаҳзаи муносиби қурбонӣ карданро мушаххас мекунанд. Унсури дувум эҳтимолан бо вожаи санскритии Brahman, brahmanya ва монанди онҳо ҳамхона аст, вале аз рӯи ин наметавон маънои дақиқро дар форсӣ бостон мушаххас кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор