Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Тарумаддев он аст, ки тарманишӣ офарид. Меҳухт деви Дуруҷи бадгумонист. Рашк деви Дуруҷи кинтӯзиву бадчашмист. Эшон ҳамафзорони Хашмдеванд.
Чунин гӯяд, ки: «Хашмро ҳафт зӯр бошад, ки офаридагонро бад-он нобуд кунад. Каёну ялон, ба замонаи хеш, аз он ҳафт зӯр шаш (зӯрро) аз миён бурданд, яке бимонд».
Он ҷой, ки Меҳухт расад, Рашк меҳмон шавад. Он ҷой, ки Рашк меҳмон аст, Хашм буна фуруд афганад. Он ҷой, ки Хашм буна дорад, бисёр офаридаро, ки нобуд кунаду бас вайронӣ кунад. Ҳама бадиро бар офаридагони Ҳурмузд Хашм беш офарид. Он Каёну ялон аз бадкунишии Хашм бештар нобуд гаштанд. Чунин гӯяд, ки: «Хашми хуниндирафш»,4 зеро ҳамаи (доғу) дирафшро5 ӯ беш кунад.
Вазаршдев он аст, ки бо равони мардумони даргузашта, бад-он се шаб, ки ба гетианд, бикушаду тарсу заниш фароз барад, бар дари дӯзах нишинад.
Удагдев он аст, ки мардум чун бар мустароҳ нишинад ё чун хуриш хӯрад, ба минуӣ бад-ӯ6 фиғон7 (?) занад, ки: «(Сухан) бигӯю фарёд зан8», ки (сухан) гӯён хӯраду (сухан) гӯён ринаду (сухан) гӯён мезад, ки то бад-он сабаб ба биҳишт нарасад.
Акаташ деви Дуруҷи инкор аст, ки офаридагонро аз чизи некӯ мункир кунад. Чунин гӯяд, ки: «Касе, ки чиз бад-он кас диҳад, ки мардумонро аз чизи некӯ мункир дорад, он гоҳ, Акаташдев аз ӯ хушнуд шавад. Касе, ки чиз бад-он кас диҳад, ки (ӯро) оин ин аст, ки дастур9 набояд доштан, он гоҳ, Хашмдев аз ӯ хушнуд шавад. Касе, ки чиз бад-он кас диҳад, ки (ӯро) оин ин аст, ки гӯяд, ки морған набояд доштан, он гоҳ, Аҳриман бо ҳамаи девон аз ӯ хушнуд шаванд». Инро дар бораи ӯ гӯяд, ки чун храфастр бинад, накушад, морған чӯбе асту чарме бар сари он ороста аст. Пайдост, ки ҳар беҳдине ған бояд доштан, ки храфастрону гуноҳкорнро бад-он занаду кушад (то) карефамандтар (шавад).
Зармон он дев аст, ки (касонро) баддам10 кунад, ки (онро) пирӣ хонанд.
Чашмак (дев) он аст, ки заминларза овараду гирдбод низ созад ва ба патёрагӣ11 абр шавад.
Вардев он аст, ки бадмолӣ12 кунад. Чунин гӯяд, ки: «Варни бероҳа(кунанда)».
Бушоспдев он аст, ки ажгаҳонӣ кунад. Сиҷ он Дуруҷ аст, ки нобудӣ оварад ва Ҳечдев13 он аст, ки тангӣ. Оздев он аст, ки (ҳар) чизро биюбораду чун ниёзро чизе нарасад, аз тан хӯрад. (Ӯ) он Дуруҷе аст, ки чун ҳамаи хостаи гетиро бад-ӯ диҳанд, анбошта нашаваду сер нагардад. Чунин гӯяд, ки: «Чашми озмандони ҳомунӣ аст, ки ӯро сомон14 нест».
Панӣ15 он дев аст, ки анбор кунаду нахӯраду ба кас надиҳад. Инро низ гӯяд, ки: «Оздевро зӯр аз кас аст, ки ба зани хеш хурсанд нест ва низ они касонро бирабояд».
Насдев он аст, ки риманиву нопокӣ кунад, ки (ӯро) Насой хонанд.
Фирефтордев он аст, ки мардумонро бифиребад. Испазг16 дев он аст, ки сухан овараду барад. Чизеро, ки нест, бад-он гуна гӯяду намояд, ки мардумонро худ ба худ занаду нобуд кунад.

пешина
аз 314
навбатӣ