Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Агар он равон дурванд аст, он гоҳ ӯро говпайкаре ба пазира расад хушк, низору саҳмгин, ки равонро аз ӯ хушкиву чарбии низор расад. Дигар, канизпайкаре расад саҳмгин, зиштпайкар, ки густохӣ (дар) ӯ нуҳуфтааст, аз ҳама сӯй саҳмгин аст, ки равонро аз ӯ биму тарс расад. Дигар, бустонпайкаре расад беоб, бедарахт, беосоиш, ки равонро (аз ӯ) бадандешӣ расад, ки буми дӯзахест. Ӯ ин нишонро пеш аз омор бинад.
Бошад, ки эшонро яке-яке пурсад, ки: «Ту кистӣ, ки ман аз ту бадтар ба гетӣ надидам». Посух бад-ӯ гӯянд, ки: «Эй дурванд! Ман дини туам, ки худ куниши туам. Чун ту он чиро бадтар аст, варзидӣ, эдар туро будам». Ин пайдост, ки ҳар касро куниши хеш пазира бошад.
Пас он равонро то буни кӯҳи Албурз роҳ намоянд, ки теғи юғ аст. Бар он равад то фарози ҷагод, (он ҷо), ки он теғи тез истад. Пас, равонро, агар парҳезгор аст, он теғи тез ба паҳно биистад. Озарфарнбағи пирӯзгар торикиро аз миён бараду ба пайкари оташ он равонро бад-он теғ гузаронад ва он эзидони минӯӣ ӯро покиза кунанд ба минӯӣ, ба дигар юғ гузаронанд, то ба фарози Албурз.
Ӯро Войи беҳдаст баргирад, ба ҷои хеш барад. Ҳамон гуна ки равонро пазирад, он ҷой (ӯро) бисупорад. Танро низ, чун ба гетӣ, бад-он оини минӯӣ покиза кунанд.
Агар он равон дурванд аст, ҳангоме ки ба юғ бар чагод ояд, он теғи тез ба ҳамон теғе биистад, гузар надиҳаду ӯро ба нокомӣ бар ҳамон теғ рафтан бояд. Ба се гом, ки фароз ниҳад, - ки андешаи бад, гуфтори баду кирдори бадест, ки варзидааст – фурӯ бурида, аз сари пул сарнагун ба дӯзах афтад, бинад ҳар бадиро.
Инро низ (номаи «Дин») гӯяд, ки чун (кас) ба родӣ парҳезгор будааст, ҳангоме ки вайро он бод ба пазира расад, дар он бод канизпайкарро бинад, он пурсишро кунаду он каниз ӯро, ба роҳнамоӣ, ба нардбоне барад, ки бад-он се поя асту бад-он нардбон ба се гом, - ки андешаи нек, гуфтори неку кирдори нек аст – ба Гарудмон шавад.
Нахустин гомро то ба ситорапоя, дигарро то ба моҳпоя, се дигарро ба хуршедпоя, ки Гарудмони равшан аст, (шавад).
Агар ба пастӣ дурванд будааст, чун ӯро он бод ба пазира бувад, дар он бод канизпайкар расад ва (ӯ) он пурсишро кунад. (Он каниз, ки) куниши (ӯ)ст чун теғи тезе гардад, ки ҳама теғи тез аст. Бад-он равон гӯяд, ки: «Эй дурванд! Чӣ бихоҳӣ, чӣ нахоҳӣ, бар ин (теғ) ба ком рафтан бояд». Он гоҳ равон гӯяд, ки: «Агар маро ба корде тез бурӣ, беҳтар писанд афтад, ки гом бар ин равам». Дигар бор, (каниз) ба ҳамон гуна гӯяду равон посух гӯяд, ки: «Агар маро ба тир бизанӣ, беҳтар писанд афтад, ки бар ин гом равам». Седигар бор (каниз) ба ҳамон гуна гӯяд ва ӯ посух гӯяд, ки: «Агар маро ҷон аз тан бизанӣ, беҳтар писанд афтад, ки бар ин гом равам».

пешина
аз 314
навбатӣ