Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Кангдижро гӯяд, ки дорои дасту пой, афрошта дирафш3, ҳамешагардон4. бар сари девон5 буд; Кайхусрав (онро) ба замин нишонд6. Ӯро ҳафт девор аст: заррин, симин, пӯлодин, биринҷин, оҳанин, обгинаӣ ва косагин7. Ӯро ҳафсад фарсанг роста (дар) миён аст ва понздаҳ дарвоза бад-ӯст, ки аз дувоздаҳто дарвоза ба гардунаи аспиву рӯзи баҳорӣ ба понздаҳ рӯз шояд шудан.
Дар бораи хонаи Афросиёб гӯяд, ки зери замин ба ҷодуӣ сохта шудааст. Ба равшанӣ, хона (дар) шаб чун рӯз равшан бувад. Чаҳор рӯд дар он метозад, яке об, яке май, яке ширу яке мости зада8. (Бар сақфи он) гоҳ Хуршеду гоҳ Моҳ ба равшанӣ дар оростааст. (Ба болои) як ҳазор марди миёнаболо, (болои) хона бувад. Хонаи Ҷам ба Албурз (аз) гавҳарҳо бувад. Хонаи Заҳҳок ба Бобил карнагмонанд9 бувад.
БАХШИ ҲАЖДАҲУМ
Дар бораи газанд(е, ки) ҳазора ба Эроншаҳр омад
(Чунин гӯяд,) ки чун Аҳриман ба оғози нахустин ҳазораи омезиш дартохт, Гову Каюмарс буданд. Чун Машӣ ва Машёна он носипосиро карданд, он гоҳ панҷоҳ сол аз эшон зоиш набуд. Дар ҳамон ҳазора, ба ҳафтод сол, Ҳушангу Таҳмурас, ҳарду девонро бикуштанд. Дар поёни ҳазора девон Ҷамро бибурданд.
Дигар ҳазора оғоз шуд. Заҳҳок подшоии бад фароз кардан гирифту як ҳазор сол (подшоӣ) бикард. Чун ҳазора сар (шуд), Фаридун (ӯро гирифту баст. Седигар ҳазора оғоз шуд. Чун Фаридун кишварро бахш кард, Салму Тур, он гоҳ, Эраҷро куштанд. (Бисёре аз) фарзандону аъқоби (ӯ) ро аз миён бурданд. Дар ҳамон ҳазора Манучеҳр зода шуду кини Эраҷро хост. Пас, Афросиёб омаду ба сиҷу тангиву бас марг нобуд карду Фарашу Нӯзар писарони Мануеҳрро кушт, то ба пайванде дигар Эроншаҳр аз Афросиёб ситонда шуд. Чун Манучеҳр даргузашта буд1, дигар бор Афросиёб омад, бар Эроншаҳр бас ошӯбу вайронӣ кард, боронро аз Эроншаҳр боздошт; то Зоби Таҳмос-пон омад, Афросиёбро биспухту борон овард, ки онро навбо-ронӣ хонанд. Пас аз Зоб дигар бор Афросиёб гарон бадӣ ба Эроншаҳр кард, то Қубод ба шоҳӣ нишаст.
Дар шоҳии Ковус, дар ҳамон ҳазора, девон ситезагар шуданду Ушнар ба куштан омаду андешаи (Ковус)-ро гумроҳ карданд, то ба корзори осмон шуду сарнагун фурӯ афтод, фарра аз ӯ гирифта шуд. Пас, ба аспу марди ҷаҳон лагадкӯб карданд (то ӯро ба буми Ҳомоварон, ба фиреб, бо пайдоиёни2 Каён дар банд карданд. Яке, ки (ӯро Зин-Гов хонанд, ки заҳр ба чашм дошт, аз тозиён ба шоҳии Эроншаҳ омад. Ба ҳаркӣ ба бадчашмӣ нигарист, кушта шуд. Эрониён Афросиёбро ба хоҳиш хостанд то (бозгашту он Зин-Говро кушт ва (худ) шоҳии Эроншаҳр кард. Бас мардумро аз Эроншаҳр бурд ва ба Туркистон нишаст. Эроншаҳрро вайрон карду биошуфт, то Рустам аз Систон (сипоҳ) оросту ҳомовариёнро гирифт, Ковусу дигар эрониёнро аз банд кушуд. Бо Афросиёб, ба Аввала рӯдбор, ки Сипоҳон хонанд, корзоре нав кард. Аз он ҷой (вайро) аст дод. Пас ҳазораи дигар бо (вай) кард то (вайро) шикбиспухт, ба Тукистон афганд; Эроншаҳрро аз нав ободон кард.

пешина
аз 314
навбатӣ