Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ӯ, ба ночор, барои аз кор афгандани Аҳриман замонро фароз офарид. Онро сабаб ин аст, ки Аҳриман ҷуз ба корзор аз кор наяфтад. Корзорро гузориш ин аст, ки кор ба чорамандӣ кардан бояд12. Сипас, аз замони бекарона замони дирангхудой фароз офаридаву халқ шуд; бошад, ки замони канораманд(аш) хонанд. Аз замони диранхудой ногузароӣ фароз офарида шуд, чизи Ҳурмазд аз миён наравад. Аз ногузароӣ ноосонӣ пайдо шуд, ки девонро осонӣ нарасад. Аз бахтрафторӣ, минуи бегардишӣ, падид омад. Он мину, ки он чи Ҳурмаздро аст, аз он чи оғози офариниш дода шуд, дигаргун нашавад. Аз минуи бегардишӣ камоли мақсуди (Ҳурмазддар) офариниши моддӣ ошкор шуд: Ҳамдастонӣ (бо) офариниши некӯ. Аҳриманро бо офариниши бад ва нодонии (худ, бо он) ноҳамдостонӣ аст. Онро сабаб ва гузориш ин аст, ки (чун) Аҳриман бо Ҳурмазд набард (оғоз) кард, худоӣ, фарзонагӣ, номоварӣ, бартарӣ ва ногузароии Ҳурмазд ва аз корафтодагӣ, худпарастӣ, фурӯдастӣ ва пас-донишии Аҳриман ба пайдоӣ омад.
Чун (Ҳурмазд) офаридагонро биофарид, замони дирангхудой нахустин офарида буд, ки ӯ фароз офарид; зеро, пеш аз омехтагӣ (замон) тамоман бекарона буд ва Ҳурмазд, аз он (замони) бекарона, (замони) каронамандро офарид; чун аз оғози офариниш, ки офаридагонро офарид, то ба фарҷом, ки Аҳриман аз кор биафтод, ба андозаи дувоздаҳ ҳазор сол аст, ки каронаманд аст. Сипас, ба бекаронагӣ биомезаду бигардад, ки (он ҳангомест, ки) офаридагони Ҳурмазд ба покӣ бо Ҳурмазд ҷовидона шаванд. Чунин гӯяд дар «Дин», ки замон нерумандтар аз ҳарду офариниш аст: офариниши Ҳурмазд ва низ они Аҳриман. Замон ёбандаи ҷараёни кор (ҳо)13 аст, замон аз некёбандагон ёбандатар аст, замон аз огоҳон огоҳтар14 аст, чунонки доварӣ ба замон тавон кардан. (Ба) замон аст, ки хонумон барафганда шавад. (Агар) тақдир (бошад), дар замон, ороста фароз шикаста шавад. Кас аз мардумони миранда аз ӯ раҳоӣ наёбад, на агар ба боло парвоз кунад, на агар ба нагунӣ чаҳе канаду дарнишинад ва на агар зери чашмаи обҳои сард фурӯ гардад.
Ҳурмазд аз он худии хеш, аз равшании моддӣ, тани офаридагони хешро фароз офарид ба тани оташи равшан, сапед, гирду аздурпайдо, аз моддаи он мину, ки патёраро, ки дар ҳарду офариниш аст, бибарад. Бошад, ки (онро) тавон бошад, ки замон (хонанд). Он гоҳ, тани войи некуро фароз офарид, ҳамон гуна, ки вайро боист; бошад, ки (ӯро) войи диранг-худой фароз хонанд. Он гоҳ, офаринишро ба ёрии войи диранг-худой фароз офарид; зеро ҳангоме, ки офаринишро офарид, вай низ (чун) афзоре буд, ки ӯро ба кор дарбоист.
Аҳриман аз торикии моддӣ он офариниши хешро фароз сохт: бад-он тани хокистарии шоистаи (ҷаҳони) торикӣ, табаҳкор, ки базаҳоинтарин15 храфастр аст. Ӯ аз худпарастии моддӣ варани баду нест-танро сохт, чунонки варанро боиста аст ӯ нахуст, худии девонро офарид (ки равиши) бад аст, он мину, ки табоҳ кардани офаридагони Ҳурмазд аз ӯ бувад; зеро ӯ аз торикии моддӣ он торикии бекаронаро падид овард, аз торикии бекарона дурӯғгӯӣ фароз бувад (ки) аз (он) бадии он Аҳриман ошкор шуд, зеро он офаринишеро сохт, ки хештанро баду бадтар бикард; яъне аз кор биафтад зеро (ҳангоме, ки) аз торикии бекарона он танро фароз сохт ва офариниши хешро дар он тан биофарид, аз он офариниши хеш аз кор биафтад.

пешина
аз 314
навбатӣ