Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- Ҳаргиз ин чанд гуноҳе, ки сабаби каффора5 шавад, то ба андозаи фарсанг магузоред, то ки дини беҳи поки маздиснон душманатон нагардад. 76. Тани маргманд ба равон нигар ва кори нек кун. Чунки равон хоҳад буд, на тан, мену (рӯҳ) хоҳад буд, на гетӣ. 77. Танро барои озарми равон раҳо макунед ва ба озарми кас гузароии чизи гетиро фаромӯш макунед, ки гирифтори ҷазои гарон машавед. Майл ба он чиз мабаред, ки саранҷом тан ба гуноҳ ва равон ба ҷазо расад. 78. Барои ишқи кас равонро фаромӯш макунед, ки гирифтори ҷазои гарон машавед. Анӯшаравон бод Озарбоди Маҳраспандон, ки ин андарзро кард ва ин фармонро дод. Анҷомид ба дуруду шодӣ.6 Бисту ду вожа аз Озарбоди Маҳраспандон1 Ситоиш офаридгор Ҳурмузд, Амаҳпарасдон ҳама эзадони менӯӣ (рӯҳонӣ) ва эзадони ин ҷаҳониро.
Андарзи анӯшарвон Озарбоди Маҳраспандон: 1. Анӯшервон озарбоди Маҳраспандонро шогирде буд, басе рӯзгорон бо Озарбод буд. 2. ба Озарбод гуфт, ки омӯзишам кун, ки чун аз назди омӯзгор фаро равам, пас он омӯзиш равони маро беҳтар тавонад 3. Озарбод гуфт, ки ба эзадон бегумон бош. Андеша, гуфтор ва кирдорро рост дор, ҳеҷ гуноҳе маандеш, магӯй, макун, парҳезкор бош. 4. Шогирд гуфт, ки ба ин ҳирбад гуфтӣ, комил нестам, балки маро омӯзиши барҷаста гӯй, то бикунам ва парҳезкор шавам. 5. Озарбод гуфт, ки он бисту ду вожаро, ки Меҳр Ҳурмузд-Ҳирбади (омӯзгори) ман аз Одаруг шунид, ба кор дор, то парҳезкор шавӣ. 6. Шогирд гуфт, ки агар маро шоиста бидонӣ, бифармоӣ гуфтан, то бишнаберам ва бикунам. 7. Озарбод дар посух гуфт, ки вожагон инҳоанд: се гуна родӣ2, чаҳорум – ростӣ, панҷум – ҳунармандӣ, шашум – кӯшоӣ, ҳафтум – шафоат, ҳаштум – некпаймонӣ3, нӯҳум – оштихоҳӣ, даҳум – хастуӣ, ёздаҳум – ягонагӣ, дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан, сенздаҳум – паймонгароӣ4, чаҳордаҳум – озодагӣ, понздаҳум – фурӯтанӣ, шонздаҳум – сангинӣ, ҳафтдаҳум – хушӣ, ҳаждаҳум – комилӣ, нуздаҳум – бурдборӣ, бистум – мардумдӯстӣ, бистуякум – хурсандӣ (қаноат), бисту дувум – ягонагӣ. 8. Нахуст он родӣ беҳтар аст, ки аз ӯ чизе нахоҳанд, бидиҳад. Дигар он ки аз ӯ бихоҳанд, фавран бидиҳад. Севум он ки аз ӯ бихоҳанд, муҳлат хоҳад ва замоне, ки кард, бидиҳад. Он беҳтар аст, ки диҳад ҳаргиз умед надорад, ки пас диҳад; на барои ёфтани суди бозоргонӣ, на барои чашмдоште бидиҳад. 9. Чаҳорум – ростӣ он бувад, ки (кас) андеша, гуфтор ва кирдорро бо эзадони менӯӣ ва дигар офаридагон гетӣ рост дорад. 10. Панҷум – ҳунармандӣ он бувад, ки бо деви мену5 набард кунад. Ин девро ба тан нагузорад. Ба вижа ин чаҳор девро аз тан боз дорад: Озу Хашм ва Шаҳвату Нанг. 11. Шашум – кушоӣ он бувад, ки кас дар ҳар гоҳу замон он биандешад, бигӯяд ва бикунад, ки агар ҳамон замон барбигирад, пас ӯро бим набошад, ки чизе хилофаш мебоист андешидан, гуфтан ва кардан. 12. Ҳафтум – шафоат он бувад, ки кас барои зани бева ва бачаи гурусна, оташҳо, говон, гӯсфандон ва дигар нотавонон, ба вижа аз баҳри равони хеш сухан гӯяд. 13. Ҳаштум – некпаймонӣ он бувад, ки бо ҳама офаридаҳои Ҳурмузд паймонро дуруст ва ягона дорад. Ба кас паймон нашиканад, на паймони пазируфта, на паймони аз пеш бударо, ба вижа бо равони худро хуб ва рост нигаҳ дорад. 14. Нӯҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, нигаҳ-доранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. Чи аз Авесто пайдост, ки растохез, тани пасин6 кардан ва ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард. 15. Даҳум – хастӯӣ он бувад, ки ба дини эзадон истад. 16. Ёздаҳум – ягонагӣ он бувад, ки дар ҳар чизи нек бо изадон ва некон ягона бошад. 17. Дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан он бувад, ки дар баробари ҳама офаридагони Ҳурмузд силоҳ фурӯ ниҳад ва бо ҳеҷ кас душманӣ накунад ва аз ҳар чизи бад, аз бадии Аҳриману девон ҷудо бошад. Чи андешабаргузинӣ ва кирдорбаргузинӣ дар ниҳодани силоҳ бошад. 18. Сездаҳум – паймонгароӣ он бувад, ки ҳар чизеро ба паймон андоза кунад, чунон ки бешу кам андар набошад. Чун ки комилии ҳар чиз дар паймон аст. Аммо он чизеро, ки паймон нест, доноӣ, дӯстӣ ва кори нек аст. 19. Чаҳордаҳум- озодагӣ он бувад, ки дар бораи ҳама офаридагони Ҳурмузд чунон андешад, ки «он беҳтар аз ман шояд бошад». 20. Понздаҳум – фурӯтанӣ он бувад, ки кеҳтар аз хешро баробари худ ва баробари хешро бузургтар аз худ ва бузургтар аз хешро сарвари худ бишморад. 21. Шонздаҳум – сангинӣ он бувад, ки чун ӯро абзори ҳунару дониш нест, донад, ки маро нест, барои хостан ва аз худ кардан бикӯшад ва замони анҷоми корро бишносад; ҳар кореро, ки то замонаш фаро нарасидааст, фаро нагирад. Марди анҷумании суханвар ва бурдбору парҳезкор бошад. 22. Ҳафтдаҳум – хушӣ он бувад, ки нахуст бо пешдастӣ касро наозорад. Агар касе барои задани ӯ шавад, пас бо нармӣ ва хушӣ дар пешвозӣ ӯ истад. Бо ҳар офаридаи Ҳурмузд чунин битавонад сохтан, ки ҳар кас пиндорад, ки ӯ бо ман хуштар . 23. Ҳаждаҳум – комилӣ он бувад, ки он чиро, ки насазад, наандешад, нагӯяд, накунад. Он чиро, ки андешидан сазад, нахуст хуб бингарад, он гоҳ андешад, гӯяд ва кунад. 24. Нуздаҳум – бурдборӣ он бувад, ки бори равонро, ки бар тан абзор аст, ва агар сахтӣ фаро расад ва битавонад ба пас таҳаммул кардан, накунад. Балки худро бо бурдборӣ пазирад. 25. Бистум – мардумдӯстӣ он бувад, ки некӣ барои ҳама некон чунон бояд, ки барои худ. Он чиро, ки барои хештан нек напазирад, ба кас накунад. Некхоҳӣ он бувад, ки айбу ҳунари касонро бинигарад. Аз паси пиростани (ислоҳи) айби худ бикӯшад. Хубии неконро ошкоро бигӯяд. Айби эшонро на бо дуруштӣ, балки дӯстона бизудояд ва ба эшон нагӯяд. 26. Бистуякум – хурсандӣ он бувад, ки ба ҷоҳу сарвате, ки дорад ва ба ӯ расидааст, қонеъ бошад. Бад-он чизе, ки метавонад афзоиши равон бошад, аз он бошад, чунон кӯшо ва ҷонсупор бошад, ки то зинда аст, ҳаргиз аз он нохурсанд набошад. 27. Бисту дувум – ягонагӣ. Дар Дин (Авесто) пайдост, ки онро ду роҳ бошад. Роҳ ҷуз ду нест. Яке хуб, яке бад аст. Аз он ки бад аст, дурӣ кунад ва бад-он ки хуб аст, биистад. Ҳаргиз аз ин роҳ бар нагардад. Ҳеҷ бадӣ наандешад, нагӯяд ва накунад. 28. Шогирд гуфт, ки ҳирбади худо парҳезкор бошӣ! Зеро омӯзише, ки ҳирбад бикард, танҳо ин омӯзиш моро тавонмандтар ва болотар кунад. Ва агар аз хирад ва кӯшоии мо чизе намонд, пас мо ҳама мардум аз ин фарҳанге, ки дар кор доранд, парҳезкор (порсо) шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор