Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Срит гуфт, ки куштани гов дар тавоноии ман нест, чи аз нолаву шиквааш сахт ба ранҷ омадам. Ковус гуфт, ба ҳамон беша бирав. Дар он беша бисёр аз меҳтарони париён ҳастанд, ки ранҷу раҳмро аз дили ту бардоранд.
Пас Срит ба беша рафт. Бисёр париён дид, ки бо даҳонҳои кушод бонг мезаданд, ки говро бикуш ва раҳм бар ӯ макун. Аз ин бонгҳо раҳм аз дилаш берун шуд. Он гоҳ мушти сахт бар пушти гов кӯфт, ки пушти вайро аз се ҷо бишкаст. Бонги хурӯш ва нолаи гов баланд шуд. Он бонги баланд ва нола Сритро сахт ошуфта кард. Дардманд назди Ковус бозгашт ва моҷароро шарҳ дод ва дархост, ки куштани вайро фармон диҳад, ки зиндагӣ нахоҳад кардан.
Ковус гуфт, ки ба куштани ту фармон надиҳам, чун ҷуз ту ёваре надорам. Срит гуфт, ҳар гоҳ ту маро накушӣ, он гоҳ ман туро бикушам. Ковус гуфт, ту натавонӣ маро куштан, чун шоҳи ҷаҳонам. Пас Срит исрор кард ва Ковус гуфт, ба ҳамон беша андар шав. Дар он ҷо парии сагпайкаре аст, ки туро бикушад.
Срит ба он беша бозгашт ва парии сагпайкарро дид. Пас он париро кушт. Парӣ дуто шуд. Ҳар дуро кушт ва то ҳар бор афзун шудӣ ва ба ҳазор расидӣ, ки аз анбӯҳӣ Сритро бикуштанд ва бардариданд.
Будани фарраи Зартушт пеш аз зоиши ӯ
Чиҳилу панҷ сол пеш аз он ки Зартушт ба ҳампарсагии Ҳурмузд расид, модари Зартушт, яъне Дуғдуя аз модараш, ки Френи (Freni) буд, зода шуд. Фарраи Зартушт, ки дар он ҳангоме ки Дуғдуя зода шуд, ба шакли оташ ҷудо шуда, аз он оташ ва равшании сармадӣ, ки дар ҷойгоҳи Ҳурмузд аст, фуруд омад ва ба он оташ андаромехт, ки дар пеши рӯи модари Зартушт буд ва аз он ба модари Зартушт мунтақил шуд, ки бар асари он ҳамаи атрофи хона ва гузаргоҳҳои перомуни он оташ пайдо буд ва мардумон он равшании оташ медиданд ба се шаб. Низ чун модари Зартушт понздаҳсола шуд, аз он фарра, ки дар вай буд, ба ҳар ҷо, ки мерафт, равшанӣ аз вай ба атроф мунташир буд.
Андар бораи пайдоии сутудафраваҳри Зартушт
Фраваҳри Зартушт андар ҳум буд. Пас аз он фарваҳр ба шири гов мунтақил шуд. Чун падар ва модари Зартушт аз он шир нӯшиданд, дигарбора ба пайдоӣ омад. Шарҳи ин рӯйдод андар китоби «Абар намудории язишн» омадааст.
Тухмашуморӣ ё силсилаи насаби Зартушт
Зартушт, писари Пурушасп, Пуртаросп, Чийхнуш, Ҳйича-зосп, Аҳурвазосп, Пайитиросп, Арижазорши, Харизар, Спито-мон, Вайидишту, Айазим, Фриш, Ориж, Дуросруб, Манучеҳр, Монуш Хурнар, Монуш Хурнок, Монуш, Ниревсанг3, ки модараш Визаг – духтари Арйак, Сритак, Фризушак, Зушак, Фрагузак, Гузак духтари Эраҷ, писари Фаридуни Аспигон – ҳамаи даҳ аспигонҳо, Ҷам, Вивангҳон, Айангҳон, Анангҳон, Ҳушанг, Фравок, Сиёмак, Маштиҳ, Каюмарс.

пешина
аз 314
навбатӣ