Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт

МУФАЗЗАЛИ АҶАМРОД

Мӯҳтавои маҷмӯаро силсилаи таълифоте фаро мегирад, ки ҳар ҳарфу ибораи он далолати бардошти муаллиф аз дарси рӯзгор аст. Ӯ ба андозаи таҷрибаи андӯхтаву дарки макону замон порсоию покӣ, ҳамидагии хулқ, некию некӯкорӣ, меҳнати созанда, арҷгузорӣ ба мероси аҷдодӣ, беолоишии ишқи инсонӣ, ҳамоҳангии пиндору кирдорро ситоиш мекунаду низоми андешаашро ба муҳокимаи ҷомеа мегузорад.
Умедворем, ки маҷмӯа писанди хотири хонандаи арҷманд гардад.

Ҳоҷиакбар
Муфаззал Муртазозода

Ба бузургдошти Ҷашни 1150-умин

солгарди зодрӯзи одамушшуаро –

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

посдории 95-умин солгарди хотираи неки

озодамард – қиблагоҳам ва эҳтироми

Соли забони тоҷикӣ мебахшам.

САДОИ ШУНУФТАНӢ

Бо сарояндаи ин маҷмӯа ман дар поёни солҳои 80-уми асри гузашта дар шаҳри Адан вохӯрда будам. Он вақт Яман ба ҷанубию шимолӣ тақсим буд ва ин ҷудоӣ ба дили мардуми ин кишвари қуръонӣ доғи худро гузошта буд. Вақте ки дар диёри ҳиҷронҳо кору зиндагӣ мекунӣ ва бар замми ин аз ватани худ дур афтодаӣ, ҷудоию фироқ муассиртар мегардад. Ва шояд ҳамин дарди ширину инсонофарин Муфаззалро ба сурудани шеър илқо кардааст. «Соҳибватан биёву ба сӯйи Ватан биё!» – гуфтани ӯ ба худи ӯ низ дахл дорад.
Агар хонанда ба зернавишти баъзе шеърҳо таваҷҷӯҳ кунад, хоҳад дарёфт, ки гӯянда дар чанд кишвари араб кору зиндагӣ кардааст ва забону фарҳанги арабҳоро хуб медонад. Ҳамин дониш ба шеъри ӯ беасар намондааст ва дар забону ибораву таркибҳои сурудаҳои Муфаззал мо таъсири бобаракати фарҳанги ғании арабҳоро мушоҳида мекунем. Агар ба ин ҳама боз ба тавофи Каъба мушарраф гардидани ӯро зам кунем, сарчашмаи мӯҳтавои ашъори гӯяндаро барои худ пайдо менамоем.
Муфаззал асосан ғазал мегӯяд ва пайрави киҳо будани худро чунин эълом медорад:

Гирифтам домани Аттору дасти Мавлавӣ маҳкам, Ки ҳар алломае бишнуфт, бовар мекунад моро.

Воқеан, мутолиаи маҷмӯа чунин боварро ба хонанда талқин мекунад. Ба ин байтҳо таваҷҷӯҳ фармоед:

Кӯйи ту меравад дилам, «Аҳлану марҳабо!» бигӯ,
Хезу расули бандаро «Дӯст, биё, биё!» бигӯ.


Сад раҳ ба ҳамин роҳ аст, ин раҳ чӣ рақам роҳе?!
Сад чаҳ таҳи ин чоҳ аст, ин чаҳ чӣ рақам чоҳе?!


Ман тоҳири таҳҳорам, дидори маро дарёб,
Ман обиди қаҳҳорам, гуфтори маро дарёб!

Дар маҷмӯа ба ҷуз ғазал дигар навъҳои шеърӣ низ ҷой дода шудаанд, аммо дар оҳангу зарби сухан, дар ибораву таркибҳо, дар мазмун ва мӯҳтавои ҳамаи онҳо тасаллути Ҳазрати ғазал равшан эҳсос мегардад. Масалан, дар ин дубайтӣ:

Амонатро хиёнат маслиҳат нест,
Замонатро амонат маслиҳат ҳаст!
Садоқатро разолат маслиҳат нест,
Разолатро адоват маслиҳат ҳаст!

аз 32
навбатӣ