Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Хаёлам: бизад бӯсае рӯйи ман,
Даме даст бинҳод паҳлӯйи ман.

Ту гӯйӣ, бирафтам ба хуррамбаҳор,
Ҳамон лаҳза, к-ӯ будам андар канор.

Ҳама шодии олам аз ман будӣ,
Ба гӯшам суруди дилафкан будӣ.

Ҳаме номи ширин-ш такрор буд,
Забон дар даҳонам шакарвор буд.

Сухан чун гуворо бихондам аз ӯ,
Забун гаҳ-гаҳе, лол мондам аз ӯ.

Фиристода дилбар ба ҳоли пареш
Яке пора аз он дили реш-реш.

Навишта, ки: «Бе ту рухам зард шуд,
Ҳама зиндагӣ сар ба сар дард шуд.

Чаро боғбонам Яман рафтайӣ,
Кадомин Ирам, ё чаман рафтайӣ?!

Биё, ки шабу рӯзам аз ҳад фузуд,
Ва ё қиссаи мост «Буду набуд?..».

Ҷавобаш навиштам, ки: «Дил устувор
Зи ҳар бешу кам, к-оядат, дур дор!

Расад як замоне, ки сӯят равам,
Бишав интизорам, хушо дилбарам!

Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод,
Муҳаббат мададгори ҳар кор бод!

Зиҳӣ то абад, ай маҳи зарфишон,
Баҳори умедат набинад хазон!

Ту, то ин ҷаҳон ҳаст, поянда бош!
Ҳамеша чу Хуршед рахшанда бош!»

«Пазируфтам аз пок яздон туро,
Парастиш кунам аз дилу ҷон туро.

Фидойи ту бошад тану ҷони мо,
Чунин бод то марг паймони мо!»*

ш. Адан, Ямани Ҷанубӣ,
08. 09. 1988.


*Ду байти ниҳойӣ аз Ҳаким Фирдавсӣ аст.

МУТАФАРРИҚА

Мавҷудияти ҳастиро якгуна наофаридаанд, ҳарчанд ҳафтгонаҳойи муаззам – ҳафт гунбад, ҳафт ахтар, ҳафт иқлим, ҳафт дарё, ҳафт рӯз, ҳафт ранг, ҳафт ганҷ ва ҳафтҳойи дигарро дар мунтахаб овардаву ҳама ҷо моҳияти онҳоро ситудаанд, вале аз ойинаи хирад бармеояд, ки кайфияту камияти тобишҳояшон мухталиф буда, беинтиҳойиро касб кардааст, чун худи олами беохир…

ҲАЗРАТИ ҚАЛАМ

Рӯйи авроқ нишастӣ, ҳамаро донистӣ,
Ай сиёҳӣ, ту чӣ ҳастӣ, ҳамаро донистӣ?!

Кулли санъат, ки маро Эзиди олам додаст,
Риштаеро нагусастӣ, ҳамаро донистӣ!

Ман талабгор, ки ту ҳилаи ман нашносӣ,
Ним аз он ҳила набастӣ, ҳамаро донистӣ!

Аҳду паймон, ки бурун медамад аз ибриқам,
Ту каси бодапарастӣ, ҳамаро донистӣ!

Чун муаммои сухан масъала пешат кардам,
Мавҷ аз мавҷ бирастӣ, ҳамаро донистӣ!

Як ишорат ба нигаҳ сӯйи само овардам,
Теғи чашмам нашикастӣ, ҳамаро донистӣ.

Пеши рӯят ҳама лутфам нанамоям гуфтам,
Аҳли қудсӣ, на зи пастӣ, ҳамаро донистӣ!

Мулки маънӣ наравад бе ту Муфаззал ҳаргиз,
Нозанино, чу ба дастӣ, ҳамаро донистӣ!

ш. Маскав,
10. 04. 2002.

пешина
аз 32
навбатӣ