Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Шукри беҳад, ки ту дар рӯйи замин мегардӣ,
Ман ҳам аз хок бурун, лек ба хок олуда!
Ту азизи ҳамагонию чунин номардӣ,
Ман ба уммеди шабу рӯзи хуши нобуда!

Бош бо ман, зи Худованд магард, ай муслим!
Ин манам – қоимақоми ҳараму дарборат!
Пеши ман саҷда фуруд ор, ки рӯзи маҳшар
Ману ман ҳаст фақат ҳомию ҳам даркорат!

ш. Ҳанновер, Олмон,
10. 07. 2000.

ДИЛАМ ОРАМИДАНӢ НЕСТ

Ту мароми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест,
Маҳи шоми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Чу сафойи рӯзгорам зи саломати ту хезад,
Ба саломи ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ба намози субҳу шомам ҳама дам кунам дуоят,
Ки мақоми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ту тулӯи офтобӣ, чу ба пешвозат оям,
Лаби боми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ту малеҳу ту писандӣ, ту чу ангабину қандӣ,
Чу ба коми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ту ғазалсаройи даҳрӣ, ману соқии баёнат,
Майи ҷоми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ту маро зи ман раҳо кун, ту маро ба худ гадо кун,
Ки ту роми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

Ба забони назм гуфтам, ки: «Туйӣ равони ошиқ»,
Ба низоми ман набошӣ, дилам орамиданӣ нест!

АФСОНАИ ИШҚ

Навбаҳор аз бари кошонаи ман мегузарад,
Ваҳ, хушо, дилбари фаттонаи ман мегузарад!

Он қадар сӯз диҳад, соз куҷоям бахшад,
Сад ситам аз дили девонаи ман мегузарад!

Ин аҷаб, бин, ки маро ҳеҷ наояд бовар,
Сеҳри ҷоду зада, ҷононаи ман мегузарад!

Кош, ду дидаи раҳпойи маро баркандӣ,
Менадидам, ки чу бегонаи ман мегузарад!

Мекушад теғи нигоҳаш мани савдозадаро,
Мотам аз кишвари вайронаи ман мегузарад.

Мебарад ҳамраҳаш овозаи ишқи покам,
Пас ба олам ҳама афсонаи ман мегузарад!

НАХУСТНОМА
АЗ БОНУЙИ АЗИЗАМ
ВА ПОСУХАШ

Яке нома омад зи ҷонони ман,
Хуш омад хабар аз бари ҷони ман.

Чу гул бӯ гирифтам ман аз номааш,
Сано гуфтаме дасти хушхомааш.

Расонида рӯҳам ба авҷи баланд,
Зи пайғом-ш он сарви болобаланд.

Тулӯи саодат бихондам варо,
Басе шукр бурдам ба номи қазо,

Ки баҳри мани зору дуру ғариб
Худовандам иқбол дида насиб!

Ки пазмони дидори ӯ гаштаам,
Дил ошуфтаву зори ӯ гаштаам.

Ниҳоли қадаш дар назар омадам,
Маро бар гирифту ба бар омадам.

пешина
аз 32
навбатӣ