Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
МАРСИЯ
ДАР СӮГВОРИИ ҚИБЛАГОҲАМ –
ҲОҶИАКБАР МУРТАЗОИ НИГНОТӢ
Сарви болойи ту дар хок, дареғо падарам,
Зери хок ин гуҳари пок, дареғо падарам!
Ҷойи он буд, ки ҷойи ту бувад дидаи мо,
Ёфтӣ ҷой дар афлок, дареғо падарам!
Чароғони саодат сӯхт дар қалби мани мискин,
Зи маргат ханҷари тезе расида бар тани мискин,
Ба хуноби ҷигар гулгун шуда пироҳани мискин,
Фалак дар рӯзи рӯшан тирагун аз шевани мискин!
Чунин пайванди ҷону ҷони ҷоне аз куҷо ёбам?!
Чунин фархундаю фаррухнишоне аз куҷо ёбам?!
Дареғо, ҳасрато, дардо, падарҷонам, падарҷонам!
Зи маргат, ай падарҷон, осмон мурдасту ман мурдам,
Гулистону баҳору бӯстон мурдасту ман мурдам,
Маҳу хуршеди арши бекарон мурдасту ман мурдам,
Ҳама оғозу анҷоми ҷаҳон мурдасту ман мурдам!
Чунин соҳибдилу соҳибқироне аз куҷо ёбам?!
Чунин олимақому олишоне аз куҷо ёбам?!
Дареғо, ҳасрато, дардо, падарҷонам, падарҷонам!
Азизи анҷуманҳо будию аз анҷуман рафтӣ,
Сафар кардӣ зи дунёи фано, аз хештан рафтӣ,
Чӣ бошад чораи бечорагон, аз мову ман рафтӣ,
Биҳишти ҷовидоният бихоҳам, аз Ватан рафтӣ!
Чунин озодаи озодагоне аз куҷо ёбам?!
Чунин осудаи осудагоне аз куҷо ёбам?!
Дареғо, ҳасрато, дардо, падарҷонам, падарҷонам!
Фурӯғи зиндагӣ дигар насиби ман намегардад,
Касе монанди ту ёру ҳабиби ман намегардад,
Миёни ҷамъаму фарде қариби ман намегардад,
Худовандо, Масеҳоям табиби ман намегардад!
Чунин як зиндае аз зиндагоне аз куҷо ёбам?!
Чунин алломаи ширинзабоне аз куҷо ёбам?!
Дареғо, ҳасрато, дардо, падарҷонам, падарҷонам!
Муфаззал, андалеби боғи ҳиҷрони падар гаштӣ,
Муфаззал, бенавою шамъи гирёни падар гаштӣ,
Асири кунҷи зиндони ғамистони падар гаштӣ,
Падар гум кардайӣ имрӯзу ҳайрони падар гаштӣ!
Чунин волосиришти меҳрубоне аз куҷо ёбам?!
Чунин хуррамбиҳишти ҷовидоне аз куҷо ёбам?!
Дареғо, ҳасрато, дардо, падарҷонам, падарҷонам!
ш. Душанбе, 10. 12. 2001.
ҒАЗАЛИ ҒАРИБ
Назира бар ғазали Хоҷа Камол
Дил ба сӯйи модари ҷон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи дил бо мани танҳо ғариб?!
Орзӯманди висоли модару ёрони хеш,
Дар Яман то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Рӯзгоре бар сарам афтода аз бечорагӣ,
То ба кай бечорагӣ бошад насиби мо – ғариб?!
«Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб».*
Ҳар касе бо дӯстонаш шоду хуррам будааст,
Ман ҷудо аз дӯстонам бо сари якто ғариб!
Дар парешонӣ чу регам дар биёбони Араб,
Ҷамъ гардонӣ, Худоё, ақрабоям бо ғариб!
Аз ғарибиҳо саломат боз овар бар Ватан,
Кирдигоро, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
ш. Адан, Ҷумҳурии Яман,
21. 11. 1989.
- Байт аз Хоҷа Камоли Хуҷандист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор