Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
ДИЛЕ ХОҲАМ…
Диле хоҳам, ки бошад дилпазиро,
Буте ҷӯям, ки бошад беназиро!
Яке сайёд мехоҳам ҳунарманд,
Ба дасташ гирадам, илло ба тиро!
Гадоёни раҳи маънӣ парастам,
Ки гардам дар раҳи маънӣ амиро!
Ҳақирон дӯст дорам, то мабодо,
Худовандам нагардонад ҳақиро!
Дусад нафрин ба баъзеи нафарҳо,
Ки нашносанд сӯзе аз нафиро!
Амонатро ҳар он, к-ӯ дорад эмин,
Бувад покизаимону кабиро!
Мунаввар бод устоде, ки бар мо
Ҳидоят кард роҳеро муниро!
Бисӯзам кӯҳнаколои суханро,
Бипӯшонам қабое оҳариро!
Ба таҳрир оварам девони фитрат,
Муносиб дида тақдирам дабиро!
Муфаззал, родмардиҳо масират,
Вале номардро дасте магиро!
ХАНДА БИЗАН БА ОЛАМАМ…
Ханда бизан ба оламам, олами ман чӣ оламе?!
Аҷзу ниёзи ман бибин, ҳолати ман, чӣ ҳоламе?!
Байни касон басе касон айшу сурур мекунанд,
Хушдилии мутантане бо дафу дан, чӣ ло-ламе?
Ӯ ба ҷилои субҳдам зулмати шаб гусастааст,
Фоли варо кушуда ман, моҳиятан, чӣ фоламе?!
Нолаи нойи Мавлавӣ мешунавам зи ҳар даре,
Лаҳҷаи нойи ман шунав, пеши заған чӣ ноламе?!
Қолу мақоли бандагӣ аз ҳадасе бигӯямат,
То шунавӣ ба як даҳан лутфи сухан, чӣ қоламе?!
Чун зи алиф гузар кунам, то бирасам ба мими ӯ,
Роҳати боли ман бибин рӯйи чаман, чӣ боламе?!
Ман ба самоъ рафтаам, сомиъаи ту дар куҷо,
Асъила не, суолаке масъаларо чӣ соламе?!
Моли ман аст ин ғазал, кист миёни ағниё,
Вирди забони анҷуман ту, ё ки ман, чӣ моламе?!
БИЁ, БОҒБОНО!
Биё, боғбоно, наво соз кун,
Суруди баҳори нав оғоз кун!
Ки Наврӯзи фархундарӯ даррасид,
Сано бар Худованд иброз кун!
Тафаққуд бифармо ба бустонсаро,
Ба сеҳри нафас ғунчаҳо боз кун!
Чаман гашт зебою доруссурур,
Маро бо гулу сабза ҳамроз кун!
Арӯсу арисон бигӯ: «Марҳабо»,
Гилеми гулобӣ паяндоз кун!
Биёрой як маҳфили дилнишин,
Ҳабибони дерина дамсоз кун!
Даме соқию мутрибе баргузин,
Биёру бад-ин хуррамӣ ноз кун!
Майи арғавонӣ бидиҳ ҷумларо,
Равонофарин базми мумтоз кун!
Ба алҳони мурғони рангобаранг
Сатою дафу чанг анбоз кун!
Муфаззал ғазал гӯядат нав ба нав,
Варо бо сахоят сарафроз кун!
Биё, боғбоно, наво соз кун,
Суруди баҳори нав оғоз кун!..
ш. Панҷакент.
21.03.2005.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор