Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Он хаймадӯзи пирро, Хайёми хуштаъбирро,
Андӯзи сад тадбирро мехон, ки бобу нобато!
Донӣ, чӣ бошад авлавӣ?! Дарёб лутфи Мавлавӣ,
Қурсе бигир аз «Маснавӣ», кӯҳе шавад тиллоято!
Аз қалби Бедил мегузар, кӯшову оқил мегузар,
Кардӣ чу дарк аз ӯ гуҳар, рифъат барӣ болоято!
Ҷаҳде ҳамекун дар висол, бо шайхи ориф, бо Камол,
Эзид расонат бар ҷалол, шукри Худо икмолато!
Туғрал ҳам аҳли авлиё, гулбоғи ирфонаш биё,
Ҷавлонгаҳе то кибриё, бинӣ хушо ҷавлонато!..
Бобойи худро инчунин з-ин порсоҳо кам мабин,
Ё раҳматан лилъоламин, ҷону дилам қурбонато!
ш. Душанбе,
22.09.2007.
МУСАЛЛОИ ХУРШЕД
Дило, Каъбае дар равонам туйӣ,
Мусаллойи хуршеди ҷонам туйӣ!
Сано хонамат, ай атои Худо,
Ки нерӯсаройи тавонам туйӣ!
Тирозанда шоҳӣ маро дар вуҷуд,
Ба ин сарзамин посбонам туйӣ!
Матое гаронмоя набвад чунин
Ба бозори олам, ки онам туйӣ!
Ба ҳайрат нишонӣ назирони ман,
Ки гавҳарфурӯши ҷаҳонам туйӣ!
Таҳаммулпазирӣ ба ҳар дарду ғам,
Ҳакимӣ, каримӣ, амонам туйӣ!
Ба хилватгаҳи кӯчакат дидаам,
Замину замону маконам туйӣ!
Яке пурталотум ба зарфи танам
Чӣ баҳре, азиму дамонам туйӣ!
Басо дида оташгаҳи зиндагӣ
Сипоҳе баномус, донам, туйӣ!
Туро мешиносам чу душманшикан,
Таҳамтанфару қаҳрамонам туйӣ!
Зи гумгаштаҳо в-аз баёну каён
Нишони падар дар нишонам туйӣ!
Ба ҷонам дамад субҳи содиқ зи ту,
Ки фонуси партавфишонам туйӣ!
Ҳунарманд – мирзойи мониқалам,
Нигорандаи достонам туйӣ!
Аёнӣ ба пиндору гуфтори хуш,
Ки саррофи ганҷи ниҳонам туйӣ!
Кушояндаи ҳар муаммойи ман,
Шукӯҳовари хонадонам туйӣ!
Туро месазад ҳар чи воломақом,
Ҳамонат бихонам, ҳамонам туйӣ!
Дило, Каъбае дар равонам туйӣ,
Мусаллойи хуршеди ҷонам туйӣ!
ш. Маккаи мукаррама,
Саудия. 04.01.2007.
ТАРОНАҲО
Чаҳор ҷӯйи мавзун, ки дар равзаи адабиёт паҳлӯ ба паҳлӯ садсолаҳо ҷорианд, орамидан нест дар суннаташон… Сарчашма мегиранд аз кавсари андешаҳо… Чун бархеро таровате дорад таронааш, ба уқёнуси маъонӣ мерезад, вагарна тиҳист аз ин хосият, мехушкад раҳораҳ…
Имшаб, ки чароғи чашми шӯху ҷодут
Меҳмони азизи хонаи дил гаштаст.
Аз нури чунин мӯъҷизаи Эзиди пок
Равшан ҳама фаршу арши манзил гаштаст!
Дастам чу ба себи боғи ӯ мебурдам,
Ҳаққо, ки ба ҷониби сабӯ мебурдам!
Аз шавқи зиёди майи хушранг сабӯ,
Осема шуда, зуд фурӯ мебурдам!
Он раҳ бигузин, ки бо ту раҳбар бошад,
Бероҳа марав, агар туро зар бошад!
Боло чу бирафт оби рӯд аз зону,
Ҳаргиз магузар, ки доманат тар бошад!
Пайғамбари ман – ишқ маро ёрӣ кард,
Пайваст ба ҷонону накӯкорӣ кард.
Пас ишқу вафо камоли нав дод маро,
Бо хомаи шоирӣ вафодорӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор