Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Забони тоҷикӣ дар тӯли қуруни зиёд шоҳиди беадад дарду ҳасрат, ҳомили пирӯзиву саодат, муршиди инсофу адолат ва қотили удвони миллат, носозгоре ба ғадру ҷаҳолат… будаву ҳаст!
Забони мо дар ҳама лаҳзаҳойи гиру дор, шебу фароз, баду неки рӯзгорон ҳамтақдиру ҳампойи миллат буд. Он ойинаи босафову нурполоест, ки дар вуҷуду замираш рӯҳу шукӯҳи миллат ҳувайдост ва дар арсаи ҷаҳон маҳз бо шарофату шафоъати ҳамин забон шаъну шарафи миллати тоҷикон пайдову побарҷост!
Дар паҳнои замину замон душманони ҳасуду тангназар борҳо бо қасди зеру забар ва маҳву бенишон гардондани забони тоҷикӣ ва фарзандони он – тоҷикон кӯшидаанд. Ҳадафи аввалину баройи эшон заруртарин – рабудану поймол сохтани забони ин халқ буд. Бо ин нияти нопок онҳо хазоини беназири ҷавҳари ҷони забони тоҷикӣ – китобҳойи муқаддасу гаронбаҳоро ба коми оташу анҳор фиканданд ва бо ин кирдори ғосибонаи хеш, хостанд «фурӯғи субҳи донойи»-ро дар пешорӯйи ин мардуми маорифпарвар тираву тор созанд. Вале, ҷигарбандону дӯстдорони забони тоҷикӣ ҷони азиз ба гарав монда, дар ҳар кӯю диёр, дар ҳар дилу манзил ин сарвати азимнафъро ба дасти эминӣ супурданд ва ба ояндагон китоби Авастову дигар осори бузургони олами маърифат ва сафаҳоти гаронмояи рангину сангини таърихи хешро ба мерос гузоштанд. Бад-ин минвол забони тоҷикиро аз марг раҳо доданд, ки ин нуктаро устод Бозор Собир ҳаққан нигошта:
…Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард –
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки ҳар як мирааш –
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Пораи нуре аз оташҳойи зардуштони ӯст…
Ҳар фарди мутакаллим бо ин забон ва худогоҳи тоҷикипараст онро пайваста гиромӣ дошт ва мисоли гавҳараки чашм эҳтиёташ намуд. Ана, аз ҳамин ҷост, ки назокату фасоҳат, салосату шаҳомати забони тоҷикӣ муттасил рушд намуду ба улвияти самовӣ расид. Дар олами маърифат чӣ бузургонеро аз Бухорову Самарқанд то Шероз, аз Марв то Бағдод, аз Хуҷанд то Нишопур, аз Ҳулбук то Балх ва аз сарзаминҳойи дигар – Ҳинду Шому Рум то ақсойи олам ба воя расонд ва миёни аҳли башар тухми некию накӯкорӣ кошт. Ин забони мубориз худ ба арзи ҳол омад ва парчами таблиғ барафрошта, ҳамагонро ҳушдор дод, ки наҷоти одам танҳо дар андӯхтани маърифат аст. Ба ҳамин маънӣ одамушшуаро Устод Рӯдакӣ зиёда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор