Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
аз ҳазор сол муқаддам дар насиҳатномааш на танҳо ба ояндагони миллати хеш, балки ба ҳама бошандагони курраи арз муроҷиат намуд, ки:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд:
«Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!».
Ва ҳамон чароғи равшану ҷавшани ношикастанӣ, ки ба равони инсонҳо нуру сафои маърифат ва суботу матонат мебахшад, маҳз тавассути забон нурполо будааст. Ва агар забон набудиву билфарз, дар кавну макон ва давру замон дигар будҳо будӣ, он будҳо чӣ моҳияте ҳам доштӣ?! Бидуни ҳастии забон ҳама будҳо на созанда, балки куллан харобовару сӯзанда будӣ!..
Пас аз сари Устод Рӯдакӣ абармарди дигаре – Фирдавсии муаззам тӯли сӣ сол заҳмат кашида, симу зар ва гавҳару зеваре, ки дар хазинаи тиллоии забони тоҷикӣ буд, ба тамом ҷамъаш овард ва як рақам шаҳкорие бо номи «Шоҳнома» офарид ва ба таъбири худаш – «пай афканд аз назм кохе баланд», ки масили он қасре мӯҳташам ва маъмур аз сухан дар саросарии эҷодиёти хаттии халқҳои ҷаҳон пайдо нест:
Биноҳойи обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Чу тухми суханро парокандаам…
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!..
Баъдан, дар басотини хушманзари ин забон ҳар ҷо-ҳар ҷо гулҳойи худрӯе руста, бо нафасу накҳати нотакрорашон тамоми қаламрави мамолики Эрону Тӯрон ва боқӣ сарзаминҳойи Аҷамро атрафшон намуданд ва андалебони асилзоде ба арсаи вуҷуд омада, дар фазойи он чаманистон боли парвоз кушуданд ва дар шохсорони ашҷори пурсамари хуррамбаҳораш нағмасароиҳо карданд:
Бӯйи гул худ ба чаман роҳнамо шуд
зи нахуст,
В-арна булбул чӣ хабар дошт,
ки гулзоре ҳаст.
Хуллас, забони тоҷикӣ чун модари мушфиқ басо сухантирозони беназирро дар гулшанҳойи адаби оғӯши биҳиштосояш парварид, ки эшон бо сеҳри сухан дар осори бадеъи рӯҳфизою ҷонпарвари хеш асрори азал ва ҳуруфи муаммои вуҷудро кушудаанд. Ҳамин тавоноӣ, саховат ва файзу баракати забони тоҷикӣ буд, ки бархе аз эшон ба дараҷаи алломаи тамоми давру замонҳо ва кулли халқони ҷаҳон расидаанд.
Аммо дар дарозойи таърих, тавре аллакай ёдовар шудам, басо хор ҳам шуд ин забон, ба сараш беадад кулфатҳо омада…
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо…
Офарин варо! Ҳалолаш бод ин азамат, ки намурдаву мурда-мурда зист ва тӯли ин ҷонбозиҳо аз бузургию ҷовидонӣ будани хеш ҳазорон бор шаҳодат дод!
Забон дод дастон, ки то растахез,
Набинад наёми маро теғи тез!
Ва ҳамин бузургиаш буд, ки Мавлоно Румӣ бо савти ӯ
Бишнид зи ҳақ каломи қудсӣ,
Овард ба мо паёми қудсӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор