Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳмони арҷманд! Ту меҳмон найӣ, найӣ,
Шоҳӣ, шаҳаншаҳӣ, ба Худо, чокари туям!
Сад илтиҷо ҳамекунам, охир, зи ман марав,
Устоди меҳрбони мано, ёвари туям!

Дар Каҳкашони дил, ки тиҳӣ бошад аз фурӯғ,
Монанди нур, ай сафи зулматшикан, биё!
Меҳроби дил турост чу маскан, азизи ман,
Соҳибватан биёву ба сӯйи Ватан биё!

ш. Маскав,
18. 10. 1982.

АЛАМИ ЛАЗИЗИ МАН КУ?

Ба саодати дили худ алами лазизи ман ку,
Ки асар кунад ба ҷонам, зи ғами азизи ман ку?!

Сари ман фусурдасар бод ба раҳи висоли рӯяш,
Раҳи ман раҳи хатар беҳ, сувари маризи ман ку?!

Чу ба дарди ӯ гудозам, сари ҳар қади намозам,
Биситояму бинозам, ҳадафи тамизи ман ку?!

Зи пиёлаи муҳаббат шиканад пиёлаи ҷон,
Ба шикан – шикан асиру қадаҳи набизи ман ку?!

Тану рӯҳи нотавонам натавонад афтад аз по,
Ба сари рамақ нишинам, мадади ҳафизи ман ку?!

Ба ҷанозаам якояк ба навойи нола гӯянд:
«Суханофарини мо ку, падари азизи ман ку?».

МУБТАДОЙИ ОЯТИ ИШҚАТ…

Чун ба меҳроби ту моро ҳоҷате дастур шуд,
Дар шаби зулмат китобамро сиёҳӣ нур шуд.

Мубтадойи ояти ишқат ба дил мебофтам,
Моҳи тобон рӯбарӯям бехабар манзур шуд.

Анбиёву авлиё ёдоварӣ медоштам,
Дар ҳади ҷон қоматат чун ҳайкали Мансур шуд.

Шамъи рӯят гашт пайғоми фазойи бахти ман,
З-ин таҷаллӣ коиноти тираам маъмур шуд.

Як ғазал, гуфтам, ки аз боби вафо иншо кунам,
Достоне дар суҳуфи қалби ман мастур шуд…

Нозам аз эъҷозу аз парвози иқболи баланд,
Ай Муфаззал, мавсими ид омаду ғам дур шуд!

ОЙИНАИ ҶОН…

Сафобахшандаи ойинаи ҷон орзу дорам,
Дар ин зулматсаро хуршеди тобон орзу дорам.

Парешонанд дар ғурбат ҳама ёрони беҳамто,
Рафиқи хушбаёне дар сари хон орзу дорам.

Забони оташи маънӣ найи килкам ҳамебӯсад,
Лаби дарёи девонам найистон орзу дорам.

Чӣ суд аз шаҳриёри ҷилвапардози риёкоре,
Тазарви хушхироме дар биёбон орзу дорам!

Саросар гаштаам ақсои олам, ташна мемирам,
Азеро шабнаме аз барги райҳон орзу дорам.

Баҳорон дидаам дар хобу дар бедории умрам,
Худовандо, мадад фармо, гулистон орзу дорам.

Фароҳам кардаам ҳоле – замин холӣ, само олӣ,
Малоик ҷустуҷӯву арши Кайҳон орзу дорам.

Ба ҷуз хешат намедонад, Аҷамрод, ин шикебойӣ,
Дилогоҳе зи сони мардум – инсон орзу дорам!

ш. Аммон, Урдун,
28.07.1982.

пешина
аз 32
навбатӣ