Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Кашишу ҷазби надимон нагузорад хамӯшат!».

Бешубҳа, чунон ки пештар гӯшрас шуд, аксари ғазалҳои дилошӯби Мавлоно дар маросими рақсу симоъу кафзаниву пойкубии дарвешон, дар зери навойи тарабангези дафу наю чангу рубоб, дар ҳалқаи муносиби дӯстони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша аз онҳо нағмаи суруди зиндагӣ ва садои тарабу хушӣ ба гӯш мерасад:

Рав, он рубобиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»
В-он мурғи обиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».

В-он мири соқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он умри боқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он мири ғавғоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он суду савдоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».

Таронағазалҳои Мавлоно ғолибан дар сифоту таҷаллиёти ишқу ошиқӣ гуфта шуда бошанд ҳам, ҳалли мавзӯъи печида дар коргоҳу дидгоҳи шоъир ба таври вижае сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно асоси моддӣ дошта, аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирад. Ӯ бе дилбастагӣ ба мавҷуде моддӣ маърифати мавҳуми самовиро тасаввур намекунад ва карда ҳам наметавонист, зеро, дар ҳақиқат, ҳар чизи нодидаро дар қиёси дида тасаввур метавон карду бас.
«Он чи мо ҳоло мегӯем, ки Мавлоно «ишқи ирфонӣ» месуруд, ҳамон ишқи оламгиру ҷаззобест, ки аз мушоҳидаи ҷамоли Бурҳонуддини Тирмизӣ, Шамсуддини Табрезӣ, Салоҳуддини Қуниявӣ ва Ҳусомуддини Чалабӣ ҳосил гардидааст ва агар мо вазъи Мавлонову дилбохтагони ӯро ба сароҳат бидонем, асоси моддиву мабдаъи заминӣ доштани ғазалҳои шӯрангези ӯро ба осонӣ метавонем таъйид кард» (Саҳобиддин Сиддиқов).
Воқиъан, Мавлоно маъшуқ – инсонро, инсони зинда, хосса Шамси Табрезиро, ба дараҷаи илоҳӣ бардошта, барояш қудрату манзалати беҳамтоеро маръӣ доштааст:

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!


Зотеду сифотеду гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед!

Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд, ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед!

«Ман»-и шоир дар ғазалиёти шӯрангезу дилошӯби ӯ худ риштаи тақдири башарро аз осмон даррабуда, ба дасти худи инсон додааст; одамро аз қайди олами боло озод намуда, барояш истиқлоли том бахшидааст; аз тамоми мавҷудоти олами улвиву суфлӣ инсонро муқаддамтар ва аз тамоми муқаддасот муқаддастар гардонидааст, ки дар арсаи эҷоду эрод олитару волотар аз он набудаасту намебошад.
Ғазалиёти Мавлоноро дар асоси мазомину муҳтаво шартан ба гурӯҳҳо ҷудо кардан имконпазир бошад ҳам, дар «Девони Шамси Табрезӣ» «пайваста дар ғазале як андеша дунбол намешаваду татобуъ (ҷустуҷӯ, таҳқиқ – А.Р.)-и як матлаб (мавзӯъ – А.Р.) дар кор (имконпазир – А.Р.) нест: гоҳе як ғазал монанди анбори пурмояе аз колоҳои гуногун анбошта шудааст.
Илова бар ин, ғолибан, шавоҳиди матлабе (мисолҳое барои тасдиқи мавзӯъе – А.Р.) тамоман дар як ғазал нест: аз чанд ғазалу гоҳе аз ҳар ғазал чанд байт бояд нақл кард, то аз маҷмӯъи онҳо шаммае аз матлаби мавриди назар гуфта шаваду гоҳе матлабе дар чанд ғазал ба таъбироти мухталиф омадааст, ки шахс дареғ дорад аз ҳамаи онҳо чашм бипӯшаду овардани ҳамаи онҳо низ чандон писандидаву муносиби навиштае мухтасар нест» (Атоуллоҳи Тадайюн), ки навиштаи ҳозираи мо ҳам аз ин қоъида мустасно намебошад ва чунин ҳолу мисолҳоро дар «Девони Кабир»-и оламгир фаровон мулоқӣ метавон гардид.
Хулосаи калом, дар мавриди эҷоду бунёди 3 500 ғазали «Девони Шамси Табрезӣ», ки дар 55 қолаби арӯзи форсии тоҷикӣ рехта шуда, камобеш 50 000 байтро ташкил медиҳанд, аз ҷониби Мавлоно санъатҳои лафзиву маънавии наву куҳани бадеъ фаровон истифода шуда, бино бар мушоҳидаи устод Бадеъуззамони Фурӯзонфар, «дар ҳудуди 75 000 таркиботи васфиву

пешина
аз 71
навбатӣ