Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ҳазор шаб ту барои ҳавои худ хуфтӣ,
Яке шабе, чӣ шавад, аз барои ёр махусб.
Барои ёри латифе, ки шаб намехусбад,
Мувофиқат куну дилро бад-ӯ супор, махусб.
Битарс аз он шаби ранҷурие, ки ту то рӯз
Фиғону «ё рабу ё раб» кунӣ, бизор, махусб.
Шабе, ки марг биёяд, «қунуқ карак»* гӯяд,
Ба ҳаққи талхии он шаб, ки раҳ сипор, махусб.
Аз он залозили ҳайбат, ки санг об шавад,
Агар ту санг найӣ, он ба ёд ор, махусб.
Агарчи зангии шаб сахт соқии чуст аст,
Магир ҷоми вайу тарс аз он хумор, махусб.
Худой гуфт, ки шаб дӯстон намехусбанд,
Агар хиҷил шудаӣ з-ину шармсор, махусб.
Битарс аз он шаби сахти азими безинҳор,
Захира соз шаберову зинҳор махусб.
Шунидайӣ, ки меҳон комҳо ба шаб ёбанд,
Барои ишқи шаҳаншоҳи комёр махусб.
Чу мағз хушк шавад, тозамағзият бахшад,
Ки ҷумла мағз шавӣ, ай умедвор, махусб.
Ҳазор борат гуфтам, Хамӯшу судат нест,
Яке биёру иваз гир сад ҳазор, махусб.

  • Туркӣ, меҳмон, мусофир

Чашмҳо во намешавад аз хоб,
Чашм букшову ҷамъро дарёб.
Бингар охир, ки беқарор шудаст
Чашм дар чашмхона чун симоб.
Гашт шаб деру халқ афтоданд
Чун ситора миёнаи маҳтоб.
Ҳам сиёҳию ҳам сапедии чашм
Аз майи хоб ҳар ду гашт хароб.
Ҷумла андешаҳо чу барг бирехт,
Гард биншаст бар ҳама асбоб.

Ақл шуд гӯшаею мегӯяд:
Ақл агар они туст, ҳин дарёб.
Бангии шаб, нигар, ки чун додаст
Ҷумлаи халқро аз ин бангоб.
Чашм дар айну ғайн афтодаст,
Кор бигзашт аз суолу ҷавоб.
Он саворони тезандеша
Ҳама монданд чун харон ба халоб.

Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат,
В-он нафасе, ки бе худӣ, ёр чӣ кор оядат?
Он нафасе, ки бо худӣ, худ ту шикори пашшаӣ,
В-он нафасе, ки бе худӣ, пил шикор оядат.
Он нафасе, ки бо худӣ, бастаи абри ғуссайӣ,
В-он нафасе, ки бе худӣ, маҳ ба канор оядат.
Он нафасе, ки бо худӣ, ёр канора мекунад,
В-он нафасе, ки бе худӣ, бодаи ёр оядат.
Он нафасе, ки бо худӣ, ҳамчу хазон фусурдаӣ,
В-он нафасе, ки бе худӣ, дай чу баҳор оядат.
Ҷумлаи беқарорият аз талаби қарори туст,
Толиби беқарор шав, то ки қарор оядат.
Ҷумлаи ногуворишат аз талаби гувориш аст,
Тарки гувориш ар кунӣ, заҳр гувор оядат.
Ҷумлаи бемуродият аз талаби муроди туст,
В-арна ҳама муродҳо ҳамчу нисор оядат.
Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи меҳри ёр шав,
То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат.
Хусрави Шарқ Шамси дин аз Табрез чун расад,
Аз маҳу аз ситораҳо, валлаҳ, ор оядат.

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,
Биёед, биёед, ки дилдор рамидаст.
Биёед, ба якбор ҳама ҷону ҷаҳонро
Ба хуршед супоред, ки хуш теғ кашидаст.

пешина
аз 71
навбатӣ