Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Хоса, ки ин бечораро, к-аз сӯи эшон мерасад.
Имрӯз мастонро биҷӯ, ғайбам бибин, айбам бигӯ,
Зеро зи мастиҳои ӯ ҳарфам парешон мерасад.
Рав, он рубобиро бигӯ: Мастон саломат мекунанд,
В-он мурғи обиро бигӯ: Мастон саломат мекунанд.
В-он мири соқиро бигӯ: Мастон саломат мекунанд,
В-он умри боқиро бигӯ: Мастон саломат мекунанд.
В-он мири ғавғоро бигӯ: Мастон саломат мекунанд,
В-он шӯру савдоро бигӯ: Мастон саломат мекунанд.
Ай маҳ зи рухсорат хиҷил, мастон саломат мекунанд,
В-ай роҳату ороми дил, мастон саломат мекунанд.
Ай ҷони ҷон, ай ҷони ҷон, мастон саломат мекунанд,
Ай ту чунину сад чунон, мастон саломат мекунанд.
Ин ҷо яке бо хеш нест, мастон саломат мекунанд,
Як маст ин ҷо беш нест, мастон саломат мекунанд.
Ай орзуи орзу, мастон саломат мекунанд,
Он пардаро бардор з-ӯ, мастон саломат мекунанд.
Омад баҳори ошиқон, то хокдон бустон шавад,
Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.
Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун Кавсар шавад,
Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.
Гар чашму ҷони ошиқон чун абри тӯфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад,
Донӣ, чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон?
Зеро ки он маҳ бештар дар абрҳо пинҳон шавад.
Ай шоду хандон соъате, к-он абрҳо гирянда шуд,
Ё Раб, хуҷаста ҳолате, к-он барқҳо хандон шавад.
З-он сад ҳазорон қатраҳо як қатра н-ояд бар замин
В-ар з-он ки ояд бар замин, ҷумла ҷаҳон вайрон шавад.
Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад в-аз ишқ ҳар вайронае
Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шавад, пас маҳрами тӯфон шавад.
Тӯфон агар сокин будӣ, гардон набудӣ осмон,
З-он мавҷи берун аз ҷиҳат ин шаш ҷиҳат ҷунбон шавад.
Ай монда зери шаш ҷиҳат, ҳам ғам бихур, ҳам ғам махур,
К-он донаҳо зери замин як рӯз нахлистон шавад.
Аз хок рӯзе сар кунад, он бех шохи тар кунад,
Шохе ду-се гар хушк шуд, боқӣ-ш обистон шавад.
В-он хушк чун оташ шавад, оташ чу ҷон ҳам хуш шавад,
Он ин набошад, ин шавад, ин он набошад, он шавад.
Чизе даҳонамро бибаст, яъне канори бому маст,
Ҳар чӣ, ту з-он ҳайрон шавӣ, он чиз аз ӯ ҳайрон шавад.
Гар оташи дил барзанад, бар муъмину кофар занад,
Сурат ҳама паррон шавад, гар мурғи маънӣ пар занад.
Олам ҳама вайрон шавад, ҷон ғарқаи тӯфон шавад,
Он гавҳаре, к-ӯ об шуд, он об бар гавҳар занад.
Пайдо шавад сирри ниҳон, вайрон шавад нақши ҷаҳон,
Мавҷе барояд ногаҳон, бар гунбади ахзар занад.
Гоҳе қалам коғаз шавад, коғаз гаҳе бехуд шавад,
Ҷон хасми неку бад шавад, ҳар лаҳзае ханҷар занад.
Ҳар ҷон, ки аллоҳӣ шавад, дар хилвати шоҳӣ шавад,
Море бувад, моҳӣ шавад, аз хок бар Кавсар занад.
Аз ҷо суи беҷо шавад, дар ломакон пайдо шавад,
Ҳар сӯ, ки афтад, баъд аз ин бар мушку бар анбар занад.
Дар фақр дарвешӣ кунад, бар ахтарон пешӣ кунад,
Хоки дараш Хоқон бувад, ҳалқай дараш Санҷар занад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор