Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
К-ӯ мулки абад бахшад, к-ӯ тоҷи қидам дорад.
Ай дил, ки ҷаҳон дидӣ, бисёр бигардидӣ,
Бинмой, киро дидӣ, к-аз ишқ рақам дорад.
Ай маркаби худкушта в-ай гирди ҷаҳон гашта,
Боз ой ба хуршеде, к-аз сина карам дорад.
Он синаву чун сина сайқалдиҳи оина,
Он сина, ки андар худ сад боғи Ирам дорад.
Ин ишқ ҳамегӯяд, к-он кас, ки маро ҷӯяд,
Шартест, ки ҳамчун зар дар кӯра қадам дорад.
Ман симтане хоҳам, ман ҳамчу мане хоҳам,
Безорам аз он зиште, к-ӯ симу заре дорад.
Алқоби Салоҳуддин бар лавҳ чу пайдо шуд,
Инсоф, басе миннат бар лавҳу қалам дорад.
Бо талхии маъзулӣ мирӣ бинамеарзад
Як рӯз ҳаме хандад, сад сол ҳамеларзад.
Харбандагию он гаҳ аз баҳри хари мурда,
Баҳри гули пажмурда бо хор ҳамесозад.
Зинҳор нахандӣ ту, то ӯ-т нахандонад,
Зеро ки ҳама ханда з-ин ханда ҳамехезад.
Ай рӯйтуруш, бингар, онро, ки туруш кардат,
То ӯ шакаре ширин дар сирка даромезад.
Ай хастаи афтода, бингар, ки кӣ афкандат?
Чун дарнигарӣ ӯро, ҳам ӯ-т барангезад.
Гар з-он, ки саге хусбад бар хоки сари кӯяш,
Шер аз ҳазари он саг бигзораду бигрезад.
Имон бари куфри ту, ай шоҳ, чӣ кас бошад?
Симурғи фалакпаймо пеши ту магас бошад.
Оби ҳаявон имон, хоки сияҳе куфрон,
Бар оташи ту ҳарду монандаи хас бошад.
Ҷонро сақат имон шуд, ин ҷон ба нафас ҷон шуд,
Дил ғарқаи имон шуд, чӣ ҷои нафас бошад?
Шаб куфру чароғ имон, хуршед чу шуд рахшон,
Бо куфр бигуфт имон: Рафтем, ки бас бошад.
Имон фарасе динро, мар нафс чу фарзинро,
В-он шоҳи навоинро чӣ ҷои фарас бошад?
Имон гувадат: Пеш о. В-он куфр гувад: Пас рав!
Чун шамъи танат ҷон шуд, не пешу на пас бошад.
Шамсулҳақи Табрезӣ, ронӣ ту чунон боло,
То ҷуз мани побарҷо худ дастмарас бошад.
Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд,
Овораи ишқи мо овора нахоҳад шуд.
Онро, ки манам хирқа, урён нашавад ҳаргиз
В-онро, ки манам чора, бечора нахоҳад шуд.
Онро, ки манам мансаб, маъзул куҷо гардад?!
Он хора, ки шуд гавҳар, ӯ хора нахоҳад шуд.
Он қиблаи муштоқон вайрон нашавад ҳаргиз,
В-он мусҳафи хомӯшон сӣ пора нахоҳад шуд.
Аз ашк шавад соқӣ, ин дидаи ман, лекин
Бе наргиси махмураш хаммор нахоҳад шуд.
Бемор шавад ошиқ, аммо бинамемирад,
Моҳ ар чи ки лоғар шуд, истора нахоҳад шуд.
Хомӯш куну чандин ғамхора машав охир,
Он нафс, ки шуд ошиқ, аммора нахоҳад шуд.
Ай хуфта шаби тира, ҳангоми дуо омад,
В-ай нафси ҷафопеша, ҳангоми вафо омад.
Бингар ба суи равзан, бигшой дари тавба,
Пардохта кун хона, ҳин, навбати мо омад.
Аз ҷурму ҷафоҷӯӣ чун даст намешӯӣ?
Бар рӯй бизан обе, миқоти сало омад?
З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯ ба лаҳад орӣ,
Судат накунад ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад.
З-ин қибла биҷӯ нуре, то шамъи лаҳад бошад,
Он нур шавад гулшан, чун нури Худо омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор