Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Бозгӯйи Аҳмад Нафисӣ
Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад. Достонҳои мазкур бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудаанд ва дорои аҳамияти бузурги ахлоқиву маънавӣ мебошанд.

СУХАНЕ ЧАНД ПИРОМУНИ РӮЗГОР ВА ОСОРИ МАВЛОНО РУМӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рӯзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ӯ изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонидааст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рӯ, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ – Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ӯро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рӯзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дӯстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
Баъди ин мулоқот бори дигар китоби «Ҷалолиддини Румӣ»-и Радий Фишро мутолиа кардам ва қарор додам, ки дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ мақолае нависам. Хушбахтона, «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румиро дарёфт кардам, ки дар Эрон нашр гардида буд. Муаллифи пешгуфтори ин китоби арзишманд донишманди маъруфи эронӣ доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфар, ки беш аз чиҳил соли ҳаёти худро ба таҳқиқи зиндагӣ ва осори Ҷалолиддини Румӣ бахшидааст, қайд мекунад, ки Мавлоно на аз Рум, на аз Балхи Афғонистон, балки аз сарзамини Вахши Тоҷикистон аст. Банда дар асоси гуфтаҳои доктор Фурӯзонфар ва Радий Фиш мақолае навишта, дар рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» чоп кардам, вале, мутаассифона, дар ин бобат дар даврони шӯравӣ гӯши суханшунав ва дидаи эътибор набуд.

аз 176
навбатӣ