Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Аммо дидагони ту заифу камбин аст:

Пешво чашм аст дасту пойро,
К-ӯ бубинад ҷойро, ноҷойро.

Дувум он ки хилқати ман аз ту покизатар аст. Чун ман фарзанди ҳалолам ва ту зинозодаӣ:

Ту зи авлоди зиноӣ бегумон,
Тир каж паррад чу бад бошад камон!

Хачир гуфт:
– Ту дуруст мегӯйӣ ва ҳақ бо ту аст.
Он гоҳ ашкҳо рехту идома дод:
– Ту, ки бо Худованд наздикӣ, чӣ шавад, ки раҳнамои ман бошӣ ва ман фармонбардори ту?

Чӣ зиён дорад, гар аз фархундагӣ
Дарпазирӣ ту маро дар бандагӣ?
Гуфт: «Чун иқрор кардӣ пеши ман,
Рав, ки растӣ ту зи офоти заман».

Шутур гуфт:
– Чун табиат аслӣ набуд ва ба камбудии худ ҳам иқрор дорӣ, хоҳиши туро пазируфтаам:

Нор будӣ, нур гаштӣ, эй азиз,
Ғӯра будӣ, гаштӣ ангуру мавиз.

ДОСТОНИ ҚИБТӢ ВА СИБТӢ

Қибтӣ номи пайравони Фиръавн ва сибтӣ номи пайравони Мӯсо (а) аст. Дар рӯзгоре, ки муборизаи Мӯсо (а) ва Фиръавн ба авҷ расида ва бо дархости ҳазрати Мӯсо (а) оби рӯди Нил барои қибтиён хун мешуд, як нафар қибтӣ, ки бо яке аз сибтиён хешовандӣ дошт, пеши ӯ омад:

Гуфт: «Ҳастам ёру хешованди ту,
Гаштаам имрӯз ҳоҷатманди ту,
З-он ки Мӯсо ҷодуе карду фусун,
То ки оби Нили моро кард хун.

Қибтӣ гуфт:
– Ман имрӯз ба ту эҳтиёҷ дорам.
Чун Мӯсо оби Нилро барои мо хун кардааст ва барои шумо оби соф аст, барои хешованд ҳам боист, ки соф бошад. Хоҳиш мекунам, чун барои худ об меовардӣ, нимеро бинӯш ва ними дигарро ба ман бидеҳ, ки аз ташнагӣ дар азобам. Шояд ба туфайли ту аз ин ранҷ раҳоӣ ёбам. Сибтӣ ҳарфи ӯро шуниду кӯзаро аз об пур кард. Ниме аз онро нӯшид ва боқимондаро ба қибтӣ дод. Аммо ҳамин ки қибтӣ обро ба даҳон наздик кард, чизе ҷуз хун набуд. Қибтӣ ҳам андӯҳнок ва ҳам хашмгин шуд ва гуфт:
– Эй хешованди азиз, чорае бикун.
Сибтӣ гуфт:
– Агар мехоҳӣ аз ин оқибат осуда шавӣ, пайрави Мӯсо (а) бишав.

Қавми Мӯсо шав, бихӯр ин обро,
Сулҳ кун бо маҳ, бибин маҳтобро.
Хашм биншон, чашм бикшо, шод шав,
Ибрат аз ёрон бигир, устод шав.

Ту хаёл карда будӣ Худоро фиреб медиҳӣ, ки дар об бо ман шарик шудӣ. Ғофил, ки ин фиреб ба ту зиён мерасонад. Агар ба сӯйи ӯ рӯй оварӣ, Худованд ҳам хоҳиши туро хоҳад пазируфт.

пешина
аз 176
навбатӣ