Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳақ наҷунбонад ба зоҳир сар туро,
Лек созад бар сарон сарвар туро.
Мар туро чизе диҳад Яздон ниҳон,
Ки суҷуди ту кунанд аҳли ҷаҳон.
Ончунон ки дод сангеро ҳунар,
То азизи халқ шуд, яъне ки зар.

Қибтӣ гуфт:
– Бо ин дили тира, ки ман дорам, ниёзам бароварда нест. Ту барои ман дуо кун. Шояд дилам равшан шавад:

Ки бувад, ки қуфли ин дил вошавад,
Зиштро дар базми хубон ҷо шавад.

Сибтӣ ҳамон дам пеши Худованд ба хок афтоду гуфт:
– Эй донои ошкору ниҳон, ҳар чӣ ҳаст, аз туст, ту оғозу анҷомӣ ва бар ҳар розе доноӣ:

Ҷуз ту пеши кӣ барорад банда даст?
Ҳам дуову ҳам иҷобат аз ту аст.
Ҳам зи аввал ту диҳӣ майли дуо,
Ту диҳӣ охир дуоҳоро ҷазо.
Аввалу охир туӣ, мо дар миён,
Ҳечи ҳечӣ, ки наёяд дар баён.

Дар ин ҳол сибтӣ аз худ бехуд шуд ва дар он бехудӣ аз Худованд дархост кард, ки дили қибтиро аз нури имон равшан кунад. Дар ин ҳангом қибтӣ дар беҳушӣ фарёд кард:
– Эй дӯст, имон ба ман арза кун, ки омодаи қабул карданам:

Кимиёе буд суҳбатҳои ту,
Кам мабод аз хонаи дил пойи ту.
Ту яке шохе будӣ аз нахли хулд,
Чун гирифтам, ӯ маро то хулд бурд.
Сел буд он ки дилашро даррабуд,
Бурд селам то лаби дарёи ҷуд.
Он ки ҷӯю чашмаҳоро об дод,
Чашмае дар андаруни ман кушод.

Дӯстии ту маро аз бадбахтиву кӯрдилӣ раҳонид. Ман гумон мекардам, ки барои табдили хуни об имон биёварам. Акнун мебинам, ки худ монанди Нил дар ҷараёнам, агарчи дигарон маро як ҷо истода мебинанд:

Ман гумон бурдам, ки имон оварам,
То аз ин тӯфони хун обе х(в)арам.
Ман чӣ донистам, ки табдиле кунад,
Дар ниҳоди ман маро Ниле кунад.
Сӯйи чашми худ яке Нилам равон,
Барқарорам пеши чашми дигарон.

Мо ин ҷаҳонро хомӯшу беҷунбиш мебинем ва намедонем, ки ҳамаи аҷзои он забон доранд ва пеши Парвардигори баландмартаба ситоишгаранд. То имон бар дилҳо натобад, одамӣ аз ин маъно ғофил аст ва танҳо ба сурат менигарад, вагарна ба чашми Мӯсо (а) оташ аз дарахт сар мезанад ва шоху барг онҳоро сабзу хуррам мекунад ва чӯби хушк дар дасти ӯ аждаҳо мешавад?

Ин дарахти тан асои Мӯсӣ аст,
К-омираш омад, ки бияндозаш зи даст.
То бибинӣ хайри ӯву шарри ӯ,
Баъд аз он баргир ӯро з-амри ҳу.
Пеш аз афкандан набуд ӯ ғайри чӯб,
Чун ба амраш баргирифтӣ, гашт хуб.

пешина
аз 176
навбатӣ