Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Товус рамзи ҷилвагарӣ ва ғуруру худписандӣ аст. Ин ҷилвагарӣ на барои худаш суд дорад ва на хайре ба дигарон мерасонад.

Он ки арзад сайдро, ишқ асту бас,
Лек ӯ кай ғунҷад андар доми кас?
Ту магар ойиву сайди ӯ шавӣ,
Дом бигзорӣ, ба доми ӯ равӣ.
Ишқ мегӯяд ба гӯшам паст-паст:
«Сайд будан хуштар аз сайёдӣ аст.
Гӯли ман кун хешрову ғарра шав,
Офтобиро раҳо кун, зарра шав.
Бар дарам сокин шаву бехона бош,
Даъвии шамъӣ макун, парвона бош.
То бибинӣ чошнии зиндагӣ,
Салтанат бинӣ ниҳон дар бандагӣ.

Бисёре аз корҳои ҷаҳон ба зоҳири феъл чаппа аст. Касеро, ки бар сари дор мебинӣ, дарвоқеъ, тоҷдор аст:

Бас таноб андар гулӯву тоҷи дор,
Бар вай анбӯҳе, ки инак тоҷдор.
Ҳамчу гӯри кофирон, берун ҳулал,
Андарун қаҳри Худо азза ва ҷал.
Чун қубур онро муҷассас кардаанд,
Пардаи пиндор пеш овардаанд.
Табъи мискинат муҷассас аз ҳунар,
Ҳамчу нахли мум, бебаргу самар».

Дарвеше аз дарвеши дигар пурсид:
– Худоро чӣ гуна дидӣ?
Гуфт:
– Ӯро бечун дидам, аммо барои мисол бояд бигӯям, ки сӯйи чапи ӯ оташ буд ва сӯйи рост ҷӯйи Кавсар. Гурӯҳе ба оташ рӯ меоварданд ва ҷамъе ба оби гуворо, вале барои бозшинохти хушбахту бадбахт бозии аҷибе буд: ҳар кӣ ба сӯйи об мерафт, аз оташ дармеомад ва ҳар кӣ ба оташ дарун мерафт, ба оби зулол мерасид.

Кам касе бар сирри ин музмар задӣ,
Лоҷарам кам кас дар он оташ шудӣ.
Ҷуз касе, ки бар сараш иқбол рехт,
К-ӯ раҳо кард обу дар оташ гурехт.

Касоне, ки худошинос буданд, бонги оташро мешуниданд, ки фарёд мезад: «Ман оташ нестам, балки чашмаи гувороям» ва онҳое, ки мағрури ҳунари худ буданд, ба зоҳири об фирефта мешуданд ва ба оташ меафтоданд.

Чашмбандӣ кардаанд, эй беназар,
Дар ман ойу ҳеч магрез аз шарар.
Эй Халил, ин ҷо шарору дуд нест,
Ҷуз ки сеҳру худъаи Намруд нест.
Чун Халили Ҳақ агар фарзонаӣ,
Оташ оби тусту ту парвонаӣ.
Ҷони парвона ҳамедорад нидо,
К-эй дареғо, сад ҳазорам пар будо.
То ҳамесӯзид з-оташ беамон
Кӯрии чашму дили номаҳрамон.

Худованд барои шинохти бандагони муъмини худ ба ин бозии шигифт даст мезанад.

Оташеро шакли обе додаанд,
В-андар оташ чашмае бикшодаанд.

пешина
аз 176
навбатӣ