Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷабраил шаҳпареро аз шаҳпарҳои худ ба Паёмбари акрам нишон дод, ки аз ҳайбати он Паёмбари Худо беҳуш шуд:

Чун зи биму тарс беҳушаш бидид,
Ҷабраил омад, ба оғӯшаш кашид.

Ҷабраил гуфт:
– Он тарсу бими офарида, ки дар ман дидӣ, барои бегонагон аст. Подшоҳон ҳангоме ки дар кӯчаю бозор меоянд, сарбозону афсарон пешопеш роҳ мераванду садои «дур бош»-и онҳо гӯшро кар мекунад. Ин кор барои ин аст, ки ҳайбати онҳо дар дили оммаи мардум тарс падид оварад ва онҳоро аз фитнаофаринӣ боз дорад, амнияти шаҳр таъмин гардад. Вагарна дар хилвати хос аз ин хабарҳо нест ва ҷуз меҳрубонию гузашт чизи дигар аз шоҳон дида намешавад.

Таблу кӯсу ҳавл бошад вақти ҷанг,
Вақти ишрат бо хавос овози чанг.

Ҷисми Паёмбар ҳам монанди ҷисми дигарон дар маърази дард ва хобу марг қарор гирифт ва ҳамчун мардумони фонӣ зери хоки Мадина орамидааст. Он ҷисми хокии ӯ буд, ки аз муҳаббати дидори Ҷабраил беҳуш шуд. Агар ҳазрати Паёмбари акрам ҳам ботини худро ба Ҷабраил нишон медод, ӯ ҳам аз бузургии ботини ӯ беҳуш мегардид.

Аҳмад ар бикшояд он парри ҷалил,
То абад беҳуш монад Ҷабраил.

Мисли шабе, ки ба Меъроҷ рафт, Ҷабраил ҳамроҳи ӯ буд, то ин ки ба ҷое расид, ки Ҷабраил аз парвоз бозмонд. Паёмбари акрам фармуд, ки ман ҳанӯз ба авҷ нарасидаам ва то расидан ба назди Худованди азза ва ҷалла ҳанӯз роҳе мондааст.
Ҷабраил гуфт:
– Ҳадди ман ҳамин ҷост ва агар болотар равам, парҳоям месӯзад.

Гуфт ӯро: «Ҳин, бипар андар паям»,
Гуфт: «Рав рав, ман ҳарифи ту наям».
Боз гуфт ӯро: «Биё, эй пардасӯз!
Ман ба авҷи худ нарафтастам ҳанӯз».
Гуфт: «Берун з-ин ҳад, эй хушфарри ман,
Гар занам парре, бисӯзад парри ман».

ДОСТОНИ ТОВУС ВА САБАБИ КУШТАНИ Ӯ

Омадем акнун ба товуси дуранг,
К-ӯ кунад ҷилва барои ному нанг.

Инак, аз товус мурғи дигаре, ки Иброҳим (а) ӯро кушт, сухан бигӯем. Товус ба парҳои зебои худ мағрур аст. Бо он парҳо дили мардумро мебарад ва худро ҳам ба хатар меандозад. Бо ҷилвагарии худ шикорчиёнро ба сӯйи худ мекашад. Ӯ намедонад чӣ мекунад. Мисли дом аст, ки аз баду хуби кори худ хабар надорад. Ӯ бо ноз мардумро мефиребад ва намедонад, ки парҳои зебои ӯ балои ҷони вай ҳастанд. Ӯ хаёли шикори дигаронро дорад, аммо худаш шикор мешавад.

пешина
аз 176
навбатӣ