Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин парҳо сабаби ғурури ман аст. Чун сабр надорам ва тавоноии нигаҳдории худ аз ҷилвагарӣ дар ман нест, беҳтар, ки мояи фасодро аз худ дур кунам.
Мурғаке саргарми шикори кирм буд. Гурбае фурсат ёфт ва ӯро шикор кард:

Оқилу маъқул буду бехабар,
Дар шикори худ зи сайёди дигар.

Агар гиёҳ оби пок мехӯрду сар бармекашид, меъдаи ҳайвон онро беҳтар қабул мекард. Ҳама хӯрандаанд ва хӯрда мешаванд, ҷуз Зоти Худованд! Даст дар дасти пири хирад неҳ ва бо вай ӯро бишнос:

Ақли комилро қарин кун бо хирад,
То ки бозояд хирад з-он хӯйи бад.
Чунки дасти худ ба дасти ӯ ниҳӣ,
Пас зи дасти оқилон берун ҷаҳӣ.
Ҳар куҷо дом асту дона, кам нишин,
Рав, забунгиро, забунгирон бибин.
Эй забунгири забунон, ин бидон,
Даст ҳам болои даст аст, эй ҷавон!

ДОСТОНИ КУШТА ШУДАНИ ЗОҒ ВА ХУРӮС

Аз Иброҳими Халил (а) пурсиданд:
– Чаро зоғро куштӣ? Гуноҳи ӯ чӣ буд? Оё танҳо ба хотири фармонбарӣ аз Худованд ӯро куштӣ? Агар чунин аст, ҳикмати он фармон чист?
Гуфт:
– Гуноҳи зоғ ҳам монанди гуноҳи шайтон аст. Шайтон аз Худованди Мутаъол хост, ки то охири ҷаҳон умр ба сар барад, то битавонад ҳамаро ба фасоду бадӣ бикашад ва ҳол он ки метавонист аз Парвардигор тавба бихоҳад, то дубора фаришта шаваду ҷаҳону мардуми он аз гумроҳӣ наҷот ёбанд. Зоғ ҳам дар орзую ғами умри дароз аст, ки дорад, аммо ин умри дарозро чӣ гуна ба кор мебарад?
Он гоҳ аз Иброҳим (а) пурсиданд:
– Хурӯсро барои чӣ куштӣ?
Иброҳим (а) гуфт:
– Хурӯс шаҳватпараст аст. Ҳазрати Одам (а) – падари башарият, агар барои идомаи насл намебуд, худро ахта мекарду ҳаргиз дил ба зан намедод.
Дар хабар аст, ки шайтон ҳангоме ки аз даргоҳи Худованд ронда шуд, гуфт:
– Умри маро ба қадри умри ҷаҳон дароз кун!
Аз тарафи Худо талаби ӯ қабул шуд. Баъд гуфт:
– Барои фиреби одамон ва озмоиши онҳо доме ба ман бибахш!
Худованди тавоно ва баландмартаба зару сими фаровон дар ихтиёри ӯ ниҳод.
Шайтон гуфт:
– Инҳо барои фиреби одамон лозим аст, аммо кофӣ нест.
Худованд дасти ӯро бар хӯрданиҳои лазиз ва пӯшиданиҳои зебо боз гузошт. Шайтон розӣ нашуд ва гуфт:
– Гурӯҳе ҳастанд, ки ба инҳо фиреб намехӯранд. Он гаҳе ман мехоҳам, ки пойдории бандагони муъмин ва хубии туро, ки мардвор фиреби маро намехӯранд ва гирифтор намешаванд, биозмоям.

пешина
аз 176
навбатӣ