Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
То ки мастонат, ки нарру пурдиланд,
Мардвор он бандҳоро бигсиланд.
То бад-ин дому расанҳои ҳаво
Марди ту гардад зи номардон ҷудо.
Доми дигар хоҳам, эй султони тахт,
Доми мардандозу ҳилатсози сахт.
Худованд шаробу мусиқиро ба ӯ пешниҳод кард. Шайтон андаке шод шуд, аммо боз исрор кард, ки доми муассиртаре мехоҳам. Худованди доно занро офарид. Шайтон, ки чашмҳои хумору карашмаҳои мардафкани занро дид, изҳори шодӣ намуд:
Бас зад ангуштак, ба рақс-андар фитод,
Ки бидеҳ зутар, расидам бар мурод.
Гуфт:
– Ин домро зудтар медодӣ, ки мизони озмоиши шаҳват аст ва умеди ман ба фасоди халқ ба ҳамин аст. Бо ҳамин дом Одамро аз биҳишт берун мекашам ва боз бо ҳамин дом дар миёни фарзандони ӯ фасод мекунам.
Чун бидид он чашмҳои пурхумор,
Ки кунад ақлу хирадро беқарор.
Хаёли шайтон осуда шуд, ки башарро гирифтори шаҳват хоҳад кард ва ӯро ба ғарқоби фасод хоҳад андохт. Хурӯс бошад, намояндаи туғёни шаҳват аст.
ДОСТОНИ ОҲУБАРРА ДАР ОХУРИ ХАРОН
Оҳуеро кард сайёде шикор,
Андар охур кардаш он безинҳор.
Охуре пур зи говону харон,
Ҳабси оҳу кард чун истамгарон.
Шикорчие оҳуеро ба дом андохт. Ӯро ба хона овард ва шабу рӯз дар тавилаи харону говони худ ҷояш дод. Он гоҳ дар охури харон коҳ рехт ва онҳо бо шодию лаззати фаровон ба хӯрдан пардохтанд. Оҳубарра, ки бо сабзагулҳои кӯҳистон парвариш ёфта буд, аз ҳамкосагии хару говон, ки бо алафи хушк худро сер мекарданд, дилхуш набуд. Бетобона ин сӯву он сӯ мерамид.
Ҳар киро бо зидди худ бигзоштанд,
Он уқубатро чу марг ангоштанд.
Ҳазрати Сулаймон, ки ҳамаи парандаву чарандаҳоро ба пешгоҳи худ хоста буд, ҳудҳудро миёни онҳо надид. Чун пурсиш кард, ҳеҷ кас хабар надошт, ки ҳудҳуд куҷост. Сулаймон (а) дар хашм шуд ва гуфт:
– Агар биёяд ва далели дурусте бар дер кардани худ надошта бошад, ӯро хоҳам кушт ё ба азоби бадтар гирифтор кунам.
Бикшамаш, ё худ диҳам ӯро азоб,
Як азоби сахти берун аз ҳисоб.
Аз ҳазрати Сулаймон (а) пурсиданд, ки азоби бадтар аз куштан чист?
Гуфт:
– Ӯро бо як мурғе, ки ҳамҷинси ӯ набошад, дар як қафас зиндонӣ хоҳам кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор