Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Дар гузориши интернетии мазкур омадааст, ки теъдоде аз коршиносон ва пажӯҳишгарон бар он боваранд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001-ум нақши муҳиммеро байни ҷомеаи Амрико ва ҷаҳони ислом мебозад. Миллионҳо мардуми ғайримусалмон баъди ошноӣ пайдо кардан бо осор ва афкори ин мутафаккири бузурги исломӣ бовар ҳосил мекунанд, ки пайравони ин дини мубин, дорои тамаддуни олӣ ва афкори башардӯстӣ ҳеҷ гоҳ даст ба чунин ҷинояти мудҳиш – амалиёти террористӣ намезананд. Бинобар ин, асли ҳодисаро ҷустуҷӯ намуда, дармеёбанд, ки ин ҳама дасиса ва тавтиаҳо кори душманону бадхоҳон аст. Мавлоно Румӣ дар ашъори худ ғояҳои дӯстиву бародарӣ, ваҳдату баробарии ҳамаи қавму миллатҳоро новобаста ба нажод ва забону фарҳанги мухталиф тарғиб намуда, мефармояд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Ё ин ки:
Ҳарфи бадро бар забон бурдан хатост,
Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.
Дар ҷодаи тарҷума ва густариши осори гаронбаҳои Мавлоно Румӣ шоири олмонинажоди амрикоӣ Ҳанс Моинк саҳми бузург гузоштааст. Ӯ зимни мусоҳиба ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки тарҷумаи осори Мавлоно Ҷалолиддин ба таври тасодуфӣ сурат гирифтааст. Бори нахуст осори Румиро нависандаи амрикоӣ Роберт Болай соли 1972 ба забони англисӣ ва ба тариқи наср тарҷума намуда, ба чоп расонида буд, вале он чандон маъруфият пайдо накард, зеро сабки тарҷума душвору мураккаб анҷом гирифта буд. Рӯзе тасодуфан ин мутарҷим ба Ҳанс Моинк вохӯрда, як нусхаи китоби тарҷумакардаи хешро ба вай тақдим мекунад. Ин шоири номвари амрикоӣ баъди хондани китоб ба ваҷд омада мегӯяд: «Ин ашъор бояд аз қафасҳояшон озод шаванд» ва ӯ бо камоли шавқу завқ ба баргардони ашъори баландмазмуни ин шоири бузурги ирфонӣ ба тариқи назм пардохт ва ниҳоят китоби Румиро ба чоп расонид ва дере нагузашта дар байни мардуми андешапарвари Амрико шуҳрати беандоза пайдо кард.
Шоири дигаре, ки дар тарҷума ва тарғиби ашъори безаволи Мавлоно Румӣ нақши бузург бозидааст, Климан Боркс мебошад. Муваффақият ва комёбии намоёни тарғиби шахсият ва осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳамин фаъолияти ин шоири номдор ва боистеъдоди амрикоӣ марбут аст. Китоби таълифнамудаи ӯ бо номи «Румӣ» беш аз ҳар рӯйдоди дигаре боиси зуҳури барқовари алоқа ва дилбастагии мардуми Амрико ба шахсият ва осори ин шоири нобиғаи форсизабон гардид, – чунин ақида доранд коршиносон ва пажӯҳишгарони афкори ҷомеаи ИМА. Климан Боркс изҳор намудааст, ки ният дорад ба зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ – шаҳри Балх сафар намояд ва дар он ҷо маҳфилҳои румихониро барпо намояд ва ашъори ин мутафаккири бузурги исломӣ ҳам ба забони асл – форсии тоҷикӣ ва ҳам ба забони тарҷума – англисӣ садо диҳад, то ки ҳазорон мардум аз ин баҳри бекарони маърифат ва ирфони Ҷалолиддини Балхӣ мутахаллис ба Мавлоно Румӣ баҳраи маънавӣ бардоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор