Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Хабаргузории мазкур дар охири гузориши худ менависад: «Ин ҳисси кунҷковию шавқу завқи беандоза, майл ба таҷрибаандӯзӣ ва дарки афкору ақидаҳои пешқадам, озодандешию муборизахоҳӣ, маърифатпарварию инсондӯстӣ, тарғиби ғояҳои бародариву баробарӣ аз хислатҳои муштараки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Климан Боркс мебошанд ва ин ду инсони мутафовит ва дорои фарҳанги гуногунро ба якдигар васл ва пайванд сохтааст».
Оре, рисолати боло ва волои Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхии Вахшонӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки худ барҳақ фармуда:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Қайд кардан лозим аст, ки асари «Маснавии маънавӣ» ҳикояву қиссаҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳамаи ин достонҳо аз ҷониби муаллиф чун тамсил истифода бурда шудаанд ва ҳар кадоми онҳо бори зиёди маънивию ирфониро ба дӯш доранд. Мутафаккири бузург Мавлоно Румӣ барои тавзеҳу ифодаи марому мақсад ва ҳадафу ғояи худ аз таҷрибаи рӯзгор ҳикояте оварда, сипас онро шарҳу тафсир додааст. Аз ин рӯ, ҳар як ҳикояву қиссаи ин асари бузург дар қаринаи матн ва афкори тасаввуфии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ арзиши аслии худро ифода мекунад.
Дар фарҷоми сухан бояд гуфт, ки нашри ҳикоёти манзуми «Маснавии маънавӣ» барои омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ каме душворӣ пеш меовард, зеро забони аслии асар азбаски классикӣ аст, дар дарки тарзи ифодаи фикр ва фаҳмиши вожаҳо хонандагон ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардиданд. Боиси хурсандист, ки қиссаву ҳикоёти «Маснавии маънавӣ»-ро донишманд ва пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмади Нафисӣ бо услуби содаву оммафаҳм бозгӯй намуда, онҳоро достон номидааст. Дар баробари ин, ӯ дар бозгӯйи онҳо кӯшиш ба харҷ додааст, ки сабки осори насрии классикии адабиёти форсу тоҷикро риоя намояд, ки дар натиҷа нигоштаҳои ин муҳаққиқи варзида хеле диловезу дилчасп гардидаанд. Ба ғайр аз ин, Аҳмади Нафисӣ барои боз ҳам огаҳии бештар пайдо кардани хонандагон ба афкори Мавлоно Румӣ дар ҷо-ҷойи бозгӯйи достонҳо пораҳои манзумро аз «Маснавии маънавӣ» оварда, ба ин васила арзиши маънавию ҳунарии китоби худро беш аз пеш афзун намудааст.

пешина
аз 176
навбатӣ