Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Сардорон ҳукм карданд, ки ҳама коргарони гармоба либосҳои худро аз тан бикашанд, то лучу урён кофтуков шаванд. Чун Насӯҳ беҳтарини коргарон ва мавриди лутфи занони аъёну шоҳзодагон қарор гирифта буд, кофтукови ӯро ба охир гузоштанд. Вале ӯ аз тарс беҳушу аз худ бехуд дар гӯшае афтода буд. Ӯ чунон аз таҳи дил меларзиду ашк мерехт ва пушаймонии худро ба даргоҳи Худованд изҳор мекард, ки ба ҳоли ӯ дили санг об мешуд.

Гар маро ин бор сатторӣ кунӣ,
Тавба кардам ман зи ҳар нокарданӣ.
Тавбаам бипзир ин бори дигар,
То бибандам баҳри тавба сад камар.
Ман агар ин бор тақсире кунам,
Пас дигар машнав дуъову гуфтанам».
Ин ҳаме зориду сад қатра равон,
Ки дарафтодам ба ҷаллоду авон.
То намирад ҳеч афранге чунин,
Ҳеч мулҳидро мабодо ин ҳанин.
Навҳаҳо мекард ӯ бар ҷони хеш,
Рӯйи Азройил дида пеш-пеш.
Эй Худову, эй Худо чандон бигуфт,
К-он дару девор бо ӯ гашт ҷуфт.

Дар ин ҳангом шунид, ки ӯро барои кофтуков даъват мекунанд:

Чунки ҳушаш рафт аз тан, беамон,
Сирри ӯ бо Ҳақ бипайваст он замон.
Чун тиҳӣ гашту вуҷуди «ӯ» намонд,
Бози ҷонашро Худо дар пеш хонд.
Чун шикаст он киштии ӯ бемурод,
Дар канори раҳмати дарё фитод.
Ҷон ба Ҳақ пайваст чун беҳуш шуд,
Мавҷи раҳмат он замон дар ҷӯш шуд.
Чунки ҷонаш вораҳид аз нанги тан,
Рафт шодон пеши асли хештан.
Ҷон чу бозу тан мар ӯро кундае,
Пойбаста, паршикаста, бандае.
Чунки дарёҳои раҳмат ҷӯш кард,
Сангҳо ҳам оби ҳайвон нӯш кард.

Пеш аз ин ки ӯро пайдо кунанд, ногаҳон ғавғое шуду гурӯҳе мужда доданд, ки «шукри Худо, гумшуда ёфт шуд». Ин овозҳо ба гӯши Насӯҳ расид ва ба ҳуш омад. Дид, ки ҳама болои сари ӯ истодаанд ва аз ин ки аз ӯ ҳам гумони бад бурдаанд, узр мехоҳанд. Донист, ки дуои ӯ пазируфта шудааст. Ба онҳо гуфт:
– Ин лутфи Худованди тавбапазир аст, вагарна ман медонам, ки гуноҳам чист ва медонам, ки аз он чӣ дигарон гумон мебаранд, бадтарам. Аммо бахшиши Худованд болотар аз инҳост:

Ман ҳамедонам ва он саттори ман
Ҷурмҳову зиштии кирдори ман.
Ҳақ бидид он ҷумларо, нодида кард,
То нагардам дар фазиҳат рӯйзард.
Боз раҳмат пӯстиндӯзим кард,
Тавбаи ширин чу ҷон рӯзим кард.
Ҳар чӣ кардам, ҷумла нокарда гирифт,
Тоати нокарда оварда гирифт.
Ҳамчу сарву савсанам озод кард,
Ҳамчу бахту давлатам дилшод кард.
Номи ман дар номаи покон навишт,
Дӯзахӣ будам, бибахшидам биҳишт.
Дар ҳамай олам намегунҷам кунун.
Офаринҳо бар ту бодо, эй Худо!
Ногаҳон кардӣ маро аз ғам ҷудо.

пешина
аз 176
навбатӣ