Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Баъд аз ин ки доду ғавғо поён ёфт, як нафаре аз ҷониби духтари подшоҳ назди Насӯҳ омад ва паём овард, ки шоҳдухтар мехоҳад ба гармоба биояд. Хоҳиш кардааст, ки маҳз ту бояд ӯро ёрӣ диҳӣ. Насӯҳ
Гуфт: Рав, рав дасти ман бекор шуд,
В-ин Насӯҳи ту кунун бемор шуд.
Чун бар тавбаи худ пойдор монда ва растагор шуда буд, бо худ гуфт:
Ман бимирам як раҳу боз омадам,
Ман чашидам талхии маргу адам.
Тавбае кардам, ҳақиқат бо Худо,
Нашканам, то ҷон шудан аз тан ҷудо.
Аз он пас тавбаи Насӯҳ миёни мардум машҳур шуд. Тавбаи ҳақиқӣ, тавбае, ки ҳаргиз шикаста намешавад ва бо ин номи «тавбаи Насӯҳ» то ба ҳол вирди забони мардуми форсизабон аст.
ДОСТОНИ ХАРИ МАРДИ ҶОМАШӮЙ ВА РӮБОҲУ ШЕР
Ҷомашӯе хари лоғари камқуввате дошт. Дар ҷое, ки зиндагӣ мекард, сабзаву алаф кофӣ ёфт намешуд. Гоҳо хари бечора ҷуз об чизи дигаре барои хӯрдан намеёфт. Дар он наздикӣ бешае буд, ки шере он ҷо зиндагӣ мекард ва чанд ҳайвони дигаре гирди ӯ гашта, ризқу рӯзӣ меёфтанд. Аз қазо, рӯзе он шер бо филе рӯ ба рӯ шуду бо ҳам ҷангиданд.
Зӯри фил боло гирифт ва чанд захме бар шер зад ва шер нотавон шуда, аз шикор бозмонд. Чун дарандагони дигар аз боқимондаи шикори шер мехӯрданд, беқудратии шер сабаб шуд, ки ҳам шеру ҳам дигарон беғизо ва гурусна монданд. Шер дар он чораро дид, ки рӯбоҳро ба ҷустуҷӯйи харе ё гове бифиристад, то онро ба дом андохта, бо фиреб назди шер биёварад ва шеру дигар дарандагон шикамҳоро аз ғизо пур кунанд.
Рӯбоҳ бо худ гуфт:
– Ба ҳар ҳол, шер подшоҳи мост ва мо хидматгорони ӯ. Пеш аз захмӣ шуданаш мо аз боқимондаи шикори ӯ сер мешудем. Ман бояд бо ҳилаю афсун ҳайвонеро фиреб диҳаму онро дастраси шер гардонам:
Ҳилаву афсунгарӣ кори ман аст,
Кори ман дастону аз раҳ бурдан аст.
Пас ба роҳ афтод. Дар кӯҳу дара мегашт, чашмаш ба хари марди ҷомашӯй афтод, ки дар миёни саҳро дар ҷустуҷӯйи сабзаву алаф аст. Пеш рафта салому аҳволпурсӣ кард ва пурсид:
– Ту дар ин саҳрои хушки беалаф чӣ кор мекунӣ?
Гуфт: «Чунӣ андар ин саҳрои хушк,
Дар миёни санглоху ҷойи хушк?
Гуфт хар: «Гар дар ғамам, гар дар Ирам,
Қисматаш Ҳақ кард, ман з-он шокирам.
Шукр гӯям дӯстро дар хайру шар,
З-он ки ҳаст андар қазо аз бад батар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор