Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Фарз кардем, ки ҳамаи гуфтаҳои ту дуруст аст. Вале магар нишондоди Худовандро фаромӯш кардӣ, ки гуфтааст: «худатонро ба дасти худ дар бало наандозед?». Ба ҷойи ин ки дар марғзори сабзу хуррами чанд қадам аз ту дуртар чарида гардӣ, дар ин биёбони хушки беобу алаф мечарӣ. Барои идомаи зиндагӣ ба макони беҳтар кӯчида рав:
Сабр дар саҳрои хушку санглох
Аҳмақӣ бошад, ҷаҳони Ҳақ фарох.
Дар ин наздикиҳо алафзори васеъ аст, ки ҳайвоноти гуногун дар он мечаранду осуда зиндагӣ мекунанд.
Хари нодон аз рӯбоҳ напурсид, ки агар ту рост мегӯйӣ ва он ҷо неъмат фаровон аст, чаро ту ин қадар харобу нотавонӣ?
Он яке пурсид уштурро, ки ҳай!
Аз куҷо меойӣ? Эй иқболпай!
Гуфт: «Аз ҳаммоми гарми кӯйи ту»,
Гуфт: «Худ пайдост дар зонуйи ту».
Хар медид, ки рӯбоҳ ба ӯ ваъдаи фаровонию неъмат медиҳад, аммо худаш аз гуруснагӣ ҳоли табоҳе дорад. Бо вуҷуди ин, чун харигарӣ дар вуҷуди ӯст, аз шунидани васфи сабзазор ва ваъдаи обу алафи фаровон дил аз даст дод, зеро гуфтаҳо аз рӯйи ақида ва имон набуд. Хар тақлидкор аст ва он чӣ дигарон гуфтаанд, такрор мекунад. Хар ба тамаъи сабзаву алаф ба фиреби рӯбоҳ афтод ва аз паси ӯ равона шуд.
Як нафар дар аснои гурехтан ба хонае даромад. Соҳиби хона гуфт:
– Ба хайр бошад, аз чӣ мегурезӣ?
Гуфт:
– Ба ҳукми шоҳ дар кӯча харҳоро мегиранд.
Соҳибхона гуфт:
– Ту чӣ ғам дорӣ, ту хар нестӣ-ку!
Гуфт: «Пас ҷидданду гарм андар гирифт,
Гар харам гиранд, ҳам набвад шигифт.
Гуфт:
Одамӣ бошу зи харгирон матарс,
Хар наӣ, эй Исии даврон, матарс.
Чархи чорум ҳам зи нури ту пур аст,
Ҳошалиллаҳ, ки мақомат охур аст.
Чун ба наздики қароргоҳи шер расиданд, шери сабраш тамомшуда бархосту бо шитоб ба хар ҳамла кард. Хар ӯро аз дур дида гурехт ва шери захмхӯрдаи ҳанӯз камқувват ба вай расида натавонист.
Рӯбоҳ гуфт:
– Эй шер, чаро сабр накардӣ, ки ба ту наздиктар шавад?
Макри шайтон аст таъҷилу шитоб,
Лутфи Раҳмон аст сабру эҳтисоб.
Гуфт:
– Ман гумон кардам, ки ҳанӯз зӯри бозуям барҷост ва қудрати шикоргирӣ мондааст. Маро бибахш, бикӯш, ки бори дигар ӯро пеши ман биёварӣ. Доруи дардҳои ман дилу ҷигари ӯст. Ин бор қавл медиҳам, ки то наздики ман наояд, аз ҷой наҷунбам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор