Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯбоҳ шукргӯйии харро написандид ва гуфт:
– Бар ҳар ҷонваре фарз аст, ки дар пайи рӯзии ҳалол бикӯшад, то он чӣ мехоҳад, ба даст оварад.

Олами асбобу чизе бесабаб
Менаёяд, пас муҳим бошад талаб.
Бе калид ин дар кушодан роҳ нест,
Бе талаб нон суннати Аллоҳ нест.

Хар гуфт:
– Ин сухани ту аз заъфи таваккул аст. Ту бояд бидонӣ, он ки ҷон медиҳад, нон ҳам медиҳад.

Гуфт: «Аз заъфи таваккул бошад он
Варна бидҳад нон касе, ки дод ҷон.
Ҷумларо Раззоқ рӯзӣ медиҳад,
Қисмати ҳар кас ба пешаш мениҳад.

Рӯбоҳ гуфт:
– Он таваккул, ки ту аз он мегӯйӣ, камёб аст.

Гуфт рӯбоҳ: «Он таваккул нодир аст,
Кам касе андар таваккул моҳир аст.
Гирди нодир гаштан аз нодонӣ аст,
Ҳар касеро кай раҳи султонӣ аст?
Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шӯру шар».

Хар гуфт:
– Ин сухани ту дуруст нест.

Гуфт: «Ин маъкус мегӯйӣ, бидон,
Шӯру шар аз тамъ ояд сӯйи ҷон.
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд».

Магар ту достони он зоҳидро нашунидаӣ. Зоҳиде дар ривояти Паёмбари акрам (с) дида буд, ки Худованд рӯзиро бихоҳӣ ё нахоҳӣ, ба сӯйи бандагонаш мефиристад. Ӯ барои озмоиш аз шаҳр берун рафта, дар биёбони дур аз ободӣ, дар доманаи кӯҳе хобид. Дар он ҳангом корвоне роҳ гум карда буд ва аз ҳамон ҷо мегузашт. Ӯро дида, дар тааҷҷуб шуданд, ки дар ин макони дур аз ободӣ ин мард чӣ кор мекунад. Барои аз ҳолаш бохабар шудан болои сараш рафтанд. Ӯ худро ба беҳушию бехабарӣ зад. Аҳли корвон пиндоштанд, ки ӯ аз гуруснагӣ беҳол шудааст. Базӯр даҳонашро боз карда дар он хӯрок рехтанд. Мард дар аввал муқобилият мекард, аз хӯрдани ғизо худдорӣ менамуд ва бо худ мегуфт, ки бояд озмоишро то охир бирасонам. Дилаш ба ӯ гуфт:
– Ту худ медонӣ, ки Худо рӯзирасон аст. Ҳоло дигар чаро ноз мекунӣ, дар ҳоле ки рӯзӣ ба пойи худ пеши ту омадааст.
Рӯбоҳ гуфт:
– Ин достонҳоро ба ҳоли худ гузору ҳаракати дасту по кун. Зиндагонӣ кӯшишу ҳамкорӣ аст. Ҳар кас коре мекунад, то чархи рӯзгор бичархад. Муфтхӯрӣ кори дуруст нест.
Хар гуфт:
– Аз таваккул беҳтар касбу коре нест.
Хулоса, ба ин тартиб миёни онҳо гуфтугӯйи бисёр шуд. Дар охир рӯбоҳ гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ