Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Магар ин хар дилу ҷигар надошт?
Гуфт: «Гар будӣ варо дил, ё ҷигар,
Кай бад-ин ҷо омадӣ бори дигар?
Он қиёмат дида буду растахез
В-он зи кӯҳ афтодану ҳавлу гурез.
Гар ҷигар будӣ варо, ё дил будӣ,
Бори дигар кай бари ту омадӣ?»
Рӯбоҳ гуфт:
– Агар ин бечора дилу ҷигар медошт, дубора фиреби маро намехӯрд ва наздики ту намеомад:
Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рӯҳ, ҷуз гил нест он.
ДОСТОНИ ХАРИ ОБФУРӮШ ВА АСПОНИ ТОЗӢ
Обфурӯше харе дошт, ки аз боркашӣ пушташ пур аз захм буд ва аз бечорагӣ тавоноии роҳ рафтан надошт:
Пушташ аз бори гарон сад ҷой реш,
Ошиқу ҷӯёни рӯзи марги хеш.
Мирохури шоҳ ошнои он мард буд. Чун ҳоли зори харро дид, пурсид, ки «чаро ин бадбахт ба ин рӯз афтодааст?».
Обфурӯш гуфт:
– Аз камхӯрокӣ ва кори зиёд ҳолаш чунин аст.
Мирохур гуфт:
– Ғам махӯр, ӯро чанд рӯз ба ихтиёри ман бисупор, то дар охури аспони шоҳ ӯро парвариш кунам ва ба зудӣ боқувват шавад.
Гуфт: «Биспораш ба ман ту рӯз чанд,
То шавад дар охури шаҳ зӯрманд».
Харро ба охури шаҳ бурданд ва дар ин ҷо чашмаш ба аспҳое афтод, ки ҳама тандурусту бардам буданд. Зери пояшон рӯбучин шуда буд. Коҳу ҷав пешашон фаровон рехта шуда, саисон пушту паҳлуи онҳоро ҳар дам молиш медоданд. Хар ин аҳволро дида, сар ба осмон карду гуфт:
– Эй Худои бахшанда, ман ҳам яке аз махлуқони туам. Чаро бояд чунин зору низор бошам?
Хар дар ин розу ниёз буд, ки сарбозон ба тавила ворид шуда, аспҳоро зин зада, ба сӯйи майдони ҷанг равона шуданд. Шаб, ҳангоме ки аспҳо аз ҷанг баргаштанд, ҳар кадоме бар тан захмҳои зиёд доштанд. Саисон ба ёрии аспҳо шитофта тирҳоро аз тани онҳо берун мекарданд ва захмҳоро мебастанд. Нолаю фарёди аспҳои бадбахт ба ҳаво баланд мешуд:
Мешикофиданд танҳошон ба неш,
То бурун оранд пайконҳо зи реш.
Хар ин ҳолати зору низори аспҳоро дид, аз гуфтаҳои худ пушаймон шуд, гуфт:
– Эй Худованд, маро бибахш! Ман аз ҳолу рӯзгори худ хушнудам ва ҷойи он аспҳо будан ҳаргиз намехоҳам.
Он хар онро диду мегуфт: «Эй Худо!
Ман ба фақру офият додам ризо.
З-он наво безораму з-он захми зишт,
Ҳар кӣ хоҳад офият, дунё биҳишт».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор